НАВРӮЗ – ЭҲЁИ РӮЗИ НАВ ДАР ҲАЁТИ ИНСОН

0 2

Наврӯз ҷашнест,ки дар меҳвари он ҷанбаҳои бунёдкориву созандагӣ маҳфӯз мебошанд.

                                                    Эмомалӣ Раҳмон

Таърих гувоҳ аст,ки миллати тоҷик расму оин,ҷашнҳои миллиеро ба вуҷуд овардааст,ки дар тамаддуни башарӣ нақши худро гузоштаанд. Наврӯз яке аз он ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аст, ки пайдоиши он ба аҳди бостон мансуб дониста мешавад.Наврӯз тибқи таҳқиқҳои анҷомёфта ,соли нави мелодии тоҷикон аст,ки баробари бедории табиат ва аз нав эҳё шудани ҳаёти ҳама мавҷудоти зинда зуҳур меёбад.

Ин ҷашне,ки ниёгони мо онро эҳё кардаанд аз замони пешдодиён,аз давраи Ҷамшеду Каюмарс чандин марҳилаҳои вазнину таърихиро тай намуда,аз мушкилию монеъаҳо,таҳдиду таҳқирҳо раҳо ёфта,то ба замони мо омада расид.Арҷгузорӣ ба ин ҷашнҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба расму русуми ниёгон,яне арҷ гузоштан ба ниёгони тамаддунсозӣ мо мебошад.

Наврӯз дар маънои дигар оғози рӯзӣ нав аст.Яне эҳёи ҳама мавҷудоти зинда,ки ин робитаи миёни инсон ва табиатро инъикос мекунад.

Наврӯз ҳамчун пайки баҳор дар худ расму оин ва анъанаҳои хосе дорад,ки аксари онҳо дар рӯзҳои мо низ иҷро мешаванд ва ташаккул меёбанд.

Яке аз дастовардҳои бузурги миллати тоҷик,дар охири садаи ХХ ин истиқлолияти давлатӣ мебошад. Аз шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, суннату оин,ҷашнҳои миллии тоҷикон,ки бо мурури замон қисман маън ва қисми дигараш ба гӯшаи фаромушӣ рафта буданд,аз нав гардиданд.

Наврӯз яке аз он ҷашнҳои миллии мо мебошад,ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон,эҳё гардида шукӯҳу шаҳомати хосаи худро пайдо кард. Чуноне ,ки зикр шуд,Наврӯз сунату оинҳои хеле хосае дорад,ки ҳар кадоми он, як шохаи зиндагии инсонҳоро таҷҷасум мекунад.

Бо фарорасии наврӯз аз ҳама аввал кӯдакон маросими гулгардониро ба ҷой меоранд.Бо ин амал наврасон гӯлҳои баҳориро хона ба хона тақсим карда,мардумро бо омад-омади баҳори нозанин ва наврӯзи Аҷам табрик мегӯянд.Дар ҷавоб ба ин амал соҳибхона ба кӯдакон ҳадяҳои худро тақдим мекунад.

Дигар расми наврӯзӣ ин ҳамон амалест,ки одамон ба ободкорӣ ва сафедкунии дару деворҳо даст мезананд.Ё ин,ки аз ҳоли беморон хабар мегиранд,агар кинаю адовате миёни онҳо бошад,якдигарро мебахшанд,зарфҳои шикастаро мепартоянд,гӯлханҳоро фурӯзон мекунанд, аз болои оташ меҷаҳанд.Ин ҳама амалҳо дорои мазмуни хос буда,таҷҷасумгарӣ зиндагии харрӯзаи одамон мебошанд. .

Тибқи суннату одати мардуми ориёӣ дар нахустин рӯзи наврӯзӣ дастархони пур аз нозу неъмат густурда мешавад.Дар рӯзҳои наврӯзӣ, гӯлдухтарон либоси миллӣ ба бар карда,дастурхони наврӯзӣ омода мекунанд ва дар атрофи он шеъру ғазалхонӣ мекунанд. Дастурхони наврӯзӣ асосан аз«ҳафт сину»,«ҳафт шин» иборат буда,инчунин бо хӯрокҳои хуби наврӯзӣ орро дода мешавад.Адади ҳафт дар забони бостонӣ маънои ҷовидони буданро ифода мекард.

Дар гузашта мардум ҳафтаҳо қабл аз наврӯз ,аз ҳар ҳафт дона сабза мерӯёниданд ва зарфҳои сабз шударо дар хонаҳо мегузоштанд.Ин нишонаи он буд,ки ҳамон сол барои мардум соли пурфайзу бобарор ва нек бошад.

Ин ҳама расму оинҳои наврӯзӣ, ки ба мо аз ниёгонамон ба мерос мондааст,ифодаи он мебошанд,ки Наврӯз ҷашнест,ки бо ҳама хусусиятҳояш амалҳои неку созандагӣ дорад.

Наврӯз инъикоскунандаи бедорӣ, ё таваллуди дубораи зиндагии табиат баъд аз зимистони бесамар аст.Дар рӯзҳои наврӯзӣ, мардум бо либоси тозаю озода,ба сайру гашт мебароянд,хушҳоли мекунанд,ки ин ҳама ба хотири дар давоми сол хушҳол буданашон аст.

Бояд қайд кард,ки ҷашни наврӯз хурокҳои хос дорад,ки маъмултарини онҳо суманак мебошад.Маъмулан суманакро нишонаи наврӯзу баҳор мегӯянд.Дигар хуроки наврӯзӣ ин далда мебошад,ки дар баъзе минтақаҳо он бо номҳои;гандумҷӯшак,ярма ё ин,ки боҷ истифода мешавад.

Дар рӯзҳои наврӯзӣ як қатор мусобиқаҳои варзишӣ,аз қабили; гӯштингирӣ,аспдавонӣ,бӯзкашӣ,чавгонбозӣ ва ғайра баргузор мешаванд.

Хусусияти хоси наврӯз аз он иборат аст,ки дар ин рӯз аз ҳама бештар марди деҳқон дар маҷмӯъ куллӣ мардуми кишоварз хушҳолӣ мекунад,чунки марди деҳқон бо умед ба ояндаи нек,донаи нахустинро ба замин мекорад ва даст ба дуо,аз худованд соли пурфайзу фаровониро талаб мекунад.

Дар хулосаи ин андешаҳо ҳаминро гуфтанием,ки Наврӯз бо ҳама расму русуми созандагиаш,дар оянда низ барои мардуми кишвари азизамон,ҳамчун ҷашни ободкорию созандагӣ хизмати бузург хоҳад кард.

Ин ҳама дастоварду мувафақиятҳо дар бахши эҳё шудани арзишҳои миллӣ ва кӯҳани миллати тоҷик аз талошҳои пайваста ва шоистаи фарзанди фарзонаи миллат,Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мешавад.

Шаҳло Қурбонмадова

Омӯзгори кафедраи «Мудофиаи шаҳрвандӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ»-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода.Р.А»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.