НАВРӮЗ БИЁ, ҲАР НАФАСАТ БӮИ БАҲОР АСТ

0 2

Наврӯз яке аз ҷашнҳои куҳантарин ва зеботаринест, ки аз замонҳои бостон то имрӯз дар байни мардум ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн рамзи баҳор, эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, дӯстӣ, рафоқат ва умеди тоза барои инсонҳост. Ҷашни зебои Наврӯз мутобиқи тақвими аҷдодиамон 21-уми март вақте ки шабу рӯз баробар мешавад, бо шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад.

Бо наздик шудани ин ҷашни аҷдодӣ мардуми тоҷик, тибқи анъана, ба тозагӣ ва ободкорӣ машғул мешаванд. Онҳо хонаву дар, кӯча ва маҳалли зисти худро тоза намуда, барои пешвози баҳор омода мегарданд. Дар ин робита суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба ифтихори ҷашни Наврӯз қайд карданд, муҳим мебошанд: “Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат дар вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ ифода меёбад. Аз ин рӯ, мардуми мо чун анъана ба пешвози Наврӯз манзилу кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро тозаву обод мекунанд, зеро файзу баракат дар ҷоест, ки покизагиву ободӣ бошад.”

Ҷашни Наврӯз таърихи зиёда аз 3 ҳазор сола дошта, бо фаъолияти кишоварзӣ алоқаманд мебошад. Дар китоби “Авасто”, ки қадимтарин манбаи хатии ниёгон ҳисобида мешавад, аз таҷлили Наврӯз сухан рафта, аз ҷумла омадааст, ки мардум муваззафанд ҳар баҳор пайдоиши ҳаёт дар замин, ки дар намуди фазо, об, замин, рустанӣ, ҳайвонот ва инсон шакл гирифтааст, таҷлил намоянд.

Дар бораи Наврӯз донишмандон ва олимони бузург дар асарҳои худ маълумотҳо овардаанд, ки Абурайҳони Беруни аз зумраи онҳо мебошад. Ин донишманди бузурги асри X дар китоби машҳури худ “Осору-л-боқия” аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки “Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст” ва дар китоби дигараш “Ал-тафҳим” қайд мекунад, ки “Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст”.

Дар давраи таҷлили Наврӯзи хуҷастапай расму ойинҳои зиёде мавҷуданд, ки иҷрои онҳо аз қадимулайём муҳим шуморида мешавад. Пеш аз ҳама то оғози Наврӯз дар лаълиҳо тухми гандум гузошта мешавад, ки то фаро расидани ид неш мезанад ва аз ҳамин гандуми нешзада суманак тайёр карда мешавад. Инчунин дар маросими ҷашнӣ оро додани дастархони “ҳафтсин” низ маъмулу ҳатмӣ мебошад, ки аз ҳафт адад анвоъ, ки бо ҳарфи син (с) оғоз меёбад, иборат аст аз ҷумла себ, сабза, сирко, санҷид, сикка, сир, суманак. Дар баробари дастархони “ҳафтсин” омода намудани дастархони “ҳафтшин” низ роиҷ аст, ки дар он ҳафт маводе, ки аз ҳарфи шин (ш) шурӯъ мешаванд, гузошта мешаванд ба монанди шакар, шарбат, ширинӣ, шамъ, шона, шир, шамшод.

Пеш аз фаро расидани Наврӯз, яке аз маросими ҷолиби дигар ин маросими гулгардонӣ мебошад. Ин маросим тақрибан як ҳафта пеш аз Наврӯз баргузор мегардад. Дар ин рӯзҳо гурӯҳе аз кӯдакон бо гулҳои баҳорӣ, аз ҷумла сияҳгӯш ва бойчечак назди хонаҳои мардум рафта, бо қироати шеърҳои баҳорӣ омадани фасли баҳорро ба онҳо мужда медиҳанд. Соҳибхонаҳо бошад, гулҳоро бо эҳтиром ба чашму абрӯ молида, ба кӯдакон ҳамчун рамзи меҳрубонӣ ва қадрдонӣ ҳадя медиҳанд.

Дар давраи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Наврӯз боз ҳам бо ҷалоли хос ва шаҳомати бузург ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Барои мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихор аст, ки 30-юми сентябри соли 2009 ҷашни Наврӯз ба феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Ҳамчунин соли 2010, дар 64-умин иҷлосия Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, дар моддаи 49-и рӯзномаи ҷаласа, таҳти унвони “Фарҳанги ҷаҳон”, дар бораи “Рӯзи байналмилалии Наврӯз”, 21 март ҷашн гирифтани Наврӯз, қарор қабул гардид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор ёфтааст. Бино бар маълумоти расмӣ, Наврӯз ҳамакнун дар 13 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои таътил ба шумор меравад.

Роҷеъ ба зикр аст, ки соли 2010 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, рӯзҳои 21-24-уми мартро “Иди байналмилалии Наврӯз” ва рӯзҳои истироҳат эълон намуданд.

Ҳамин тавр, Наврӯз ҷашни бостонӣ ва пурмазмунест, ки арзишҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва маънавии мардуми моро таҷассум мекунад. Ин иди баҳор мардумро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, тозагӣ ва ободкорӣ ҳидоят намуда, эҳсоси умеду шодиро дар қалби инсонҳо бедор месозад. Аз ҳамин сабаб Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон то имрӯз бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардида, пайванди инсонро бо табиат ва зиндагии нав боз ҳам мустаҳкам менамояд.

Наврӯз биё, ҳар нафасат, бӯйи баҳор аст,

Рухсори ту ойинаи гулрӯйи баҳор аст.

Ҳар лаҳза хумори ту гирад ҷумла ҷаҳонро,

Он қалби ту ошуфтаи дилҷӯи баҳор аст.

Фаридаи Талабзода

Омӯзгори кафедраи «Гигиена»- и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.