БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ КУШОДИ ШАҲРИ КӮЛОБ ОИД БА ВОЛЕЙБОЛ 0 2 Мубодила кардан Аз санаи 10-ум то 16-уми март дар толори варзишии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» мусобиқаи кушоди шаҳри Кӯлоб оид ба волейбол байни корхонаву идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Дар ин мусобиқа 16 даста иштирок намуда, байни ҳам рақобати ҷолибу хотирмон нишон доданд. Дар натиҷа дастаи «Коллеҷи тиббӣ» бо нишон додани маҳорати баланди варзишӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Ҷойи дуюм насиби дастаи КДАМ дар минтақаи Кӯлоб шуда, ҷойи сеюмро дастаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ишғол намуд. Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ, диплом, кубок ва медалҳо қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷониби Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Пирзода Диловар аксҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд. Ҳамчунин аз тарафи Сардори КДАМ дар минтақаи Кӯлоб Нуралиев З.С. ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. Аз ҷониби Маъмурияти муассиса барои ғолибон мукофоти пулӣ муайян гардида, барои ишғоли ҷойи аввал 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ, барои ҷойи дуюм 4000 (чор ҳазор) сомонӣ ва барои ишғоли ҷойи сеюм 3000 (се ҳазор) сомонӣ тақдим карда шуд. Ин мусобиқа дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рӯҳияи баланди варзишӣ баргузор гардида, саҳми муҳим дар рушди тарзи ҳаёти солим ва таҳкими дӯстии байни муассисаҳо гузошт. Ҷафарзода Алишер Мудири кафедраи «Тарбияи ҷисмонӣ» -и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» Пеш 1 то 12 саҳифа Баъдӣ 0 2 Мубодила кардан