ОЙИНҲОИ НАВРӮЗӢ

0 1

Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ,меҳру садоқат ва анъанаӣ ниёгон мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад тавре, ки аз номи он бар меояд,Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешаванд. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин зиндашавии табиат,оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиноӣ, Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад. Дар таърихи 18-уми феврали соли 2010дар ҷаласаи 64-уми ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49,ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қарорномаи «Рӯзи ҷаҳонии наврӯз» ба тасвиб расид.Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбоиҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди барраси қарор ёфтааст. Дар қарорнома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мегардад. Наврӯз аз бузургтарин ҷашнҳои мардумони Эронитабор, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад, ки ба фарҳанги қавму миллатҳои дигари осиёи марказӣ низ бо ҳамин ном гузаштааст. Ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсиву иҷтимои ва маънавиҳои зиёдеро паси сар када,то ба имрӯз омада расидааст. Роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумотҳои зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолоту рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд.

Маълумотҳои мустақим ва пураҳамиятро дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Наврӯзномаи»-и Умари Хайём, «Осор-ул- боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайт-ул-Ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ ва чанде дигар метавонд пайдо кард, ки ба иттифоқ ҷамшеди пешдодиро бунёдгузори Ҷашни Наврӯз хондаанд. Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома» роҷеъ ба бунёд гузоштани ҷашни мазкур чунин навиштааст: «…. аммо сабаби ниҳодани Наврӯз ниҳодан он будааст,ки чун бидонистанд,ки офтобро ду давр бувад, яке онки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз 1- шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натвонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо кардаанд» Абулсаид Абулҳай дар китоби «Зайн –ул-Ахбор» дар бораи Ҷамшед мегӯяд: «Ҷамшеди Вангаҳон чун ба тахт бинишаст, бо девон ҳарб кард ва дасти эшонро аз мардумон кӯтоҳ кард, эшонро зи ободиҳо барандохт ва андар дарёҳову вайрониҳо шудан ва эшонро корҳои гароне фармуд, ки мардумон натавонистан кардан, ва осиёи сангин андар гардани девон афканд, ба рӯйи он нишаст ва ӯро андар ҳаво бибурд ва дуо кард то Худоӣ азза ва ҷалла аз поксирати вай дуои ӯ мустаҷоб кард. Онро ҷашни Наврӯз бисохт ва девонро фармуд то конҳо кананд ва ҷавоҳирҳо берун оваранд, ба дарё фурӯ рафтанд ва гавҳарҳо бароваранд ва ин амал ба мардумон биёомухтанд, ҷомаҳо ранг фармуд карданд.Дар дарбори подшоҳони сосонӣ Наврӯз хеле бо шукӯҳ ва дабдаба таҷлил мегашт намояндагони 23-кишвар ( тобеони Эрон ва кишварҳое,ки ба Эрон робита доштаанд) ба ҳузури Шоҳ мерасиданд ва аз тарафи кишвари худ ҳадияҳо тақдим мекарданд аз ин туҳфаҳо бахши бузурге ба хазинаи кишвар ворид мешуд.

Хисрави дар китоби «Ал-маҳосин вал аздод» дар бораи тақдими ҳадия чунин навиштааст: «Аз Ҳинд фил, шамшер,мушку васоили кишоварзӣ, аз Тибету Чин мушку анбар, абрешим ва ранг аз савоҳили рӯди Синд товус ва тӯтӣ аз даргоҳи Рум фаршу порчаҳои алвон, эҳтиёҷи саворкорони Эронӣ аз кишварҳои ҳамҷавор ва миср аспҳои зебо ва тезрав, гӯсфанд, шутур, оҳу, хари ваҳтӣ ва зарофа ва соири ҳадоёни нақдӣ» тақдим ва навъи ин ҳадоё дар нақши Тахти Ҷамшед ба хубӣ нишон дода шудааст. Таҷлили ҷашни Наврӯз дар даврони ҳукуматдории сомониён бо шукӯҳи тоза идома ёфтааст,ки дар ин бора донишмандон дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ ёдовар шудаанд. Шоирони забардасте чун Рӯдакию, Фирдавсӣ, Дақиқӣ оид ба ҷашни Наврӯз бо меҳру муҳаббат сухан гуфаанд ва тавсири зебои баҳорро ба қалам доданд.

Шукри Худо, ки муждаи Наврӯз ҳам расид,
Гуяд, хатми нахвати ҳуд аст ин саҳар.
Бар пешвози фасли ҳумоюн баланд шав ,
Пирӯзии садо ба сукутаст ин саҳар.

Гулбаҳор Раҳимова

Омӯзгори кафедраи «Таърих ва ҳуқуқ»- и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.