ИҶРОИ ТАЛАБОТҲОИ УСУЛҲОИ ФАЪОЛИ ТАЪЛИМИ МУОСИР БА МАНФИАТИ КОР АСТ

0 2

Омӯзгор ҳидоятгар, маслиҳатдеҳ ва донишомӯзи шогирд аст, мекушад, ки ҳар як донишҷӯ пеш аз ҳама боодобу хушрафтор бошад, зеро ҳеҷ беодобе донишвар нахоҳад шуд. Барои баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ба ҳар як омӯзгор лозим меояд роҳу усулҳои гуногунро ҷустуҷӯ намуда усулҳои беҳтарини фаъолро рафти таълими худ қарор диҳад.

Бештар аз техника ва технология аз ҷумла шабакаҳои интернетӣ истифода бурда, усулҳои таълими худро ба таълими замонавии ҷаҳони муосир мутобиқ гардонад, истифодаи усулҳои фаъоли таълим аз омилҳои зерин:

 Омода ва таъмин намудани донишҷӯён ба маводи таълимӣ;

 Омода ва таъмин намудани донишҷӯён бо айёниятҳо;

 Омӯзонидани истифодабарии адабиётҳо;

Ва инчунин дар рафти машғулиятҳои амалӣ ба монанди (корҳои амалии лабораторӣ, омӯзиши муляжҳо, макетҳо, иҷрои дастамалҳо, истифодаи банеру овезаҳо, бозиҳои таълимии кори, амали ҳуҷуми ақлонию,фикррони) хеле ҳам зарур буда, ба рафти дарс равшани мебахшад, шавқи донишҷӯро нисбати дарс ва омӯзгор зиёд мегардонад.

Ҳар як омӯзгор нисбати худ ва шогирдон серталаб, устувор, навовару дурбин буда , ғамхори нисбат ба шогирд зоҳир намояд.

Дар синфхонаҳои озмоиши донишҷӯён донишҳои назариявиашонро, дар амалия ба таври мустақилона бояд санҷид, ба масъалаи худомӯзии шогирдон омӯзгорон вазифадоранд таваҷҷӯҳи беандоза зоҳир намояд.

Донишҷӯёне, ки ба омӯзиш шавқу завқи зиёд доранд, муаллим низ метавонад, шавқу раѓбатро тавассути дақиқ муайян кардани мақсаду вазифаҳои омӯзиш афзун созад. Барои беҳтар истифода бурдани дараҷаи олии шавқмандии иштирокчиён омӯзгор метавонад усулҳои ба раванди таълим дохил намудани талаботи ҳар як иштирокчиро қонеъ гардонад ин маънои онро надорад, ки доиншҷӯ баҳои баландро соҳиб шаваду халос, мақсади дарс ва гузаронидани усул маънои онро дорад,ки муаллим бояд оид ба иштирокчиён ва ё дар бораи гурӯҳ иттилооти зиёд дошта бошад. Усулқои ташкилёбӣ ва ҳавасмандкунӣ майлу раѓбати донишҷӯро нисбат ба дарс бедор мекунад.

Барои баланд бардоштани шавқмандии хонандагон ба онҳо имконият бояд дод, то аз якдигар биомӯзанд, мақсади ҳамдигариро дарк намоянд.Барои пурсамар шудани раванди таълим, муаллим бояд аз усулҳои муносиби таълим истифода бурда талаботи иштироки фаъолонаи ҳарду тарафро ҳам донишҷӯ ва ҳам омӯзгорро ба инобат гирад. Ба иштирокчиён имконят медиҳанд, ки ба таври васеъ фикру ақидаҳои худро ба якдигар иброз доранд.

Муоширати фаъолонаи дуҷонибаи тренеру иштирокчӣ унсури хеле муҳими раванди ба даст овардани малакаҳо ва соҳиб шудан ба эътиборнокии онҳо ба ҳисоб меравад.

Вазифаи асосии омӯзгор аз ин вобастаги дорад,ки дар рафти таълим накши муайяни худро тавонад ичро кунад нагузорад,ки кисми иштирокчиён дар қатори охир нишаста ба муаллим гушдиханду халос, ба раванди таълим ҷалб кардани иштирокчиёнро тавонад. Метавонад дар рафти дарс чунин усулхоро равона созад.Ин омилхо раванди бедоркунии хонандаро дар рафти таълим нишон медихад.

• Ҳамлаҳои зеҳнӣ ва баҳсҳо.

• Кори амалӣ.

• Супоришҳои гурӯҳӣ ва фардӣ.

• Баҳсҳои гурӯҳӣ

• Бозиҳои ролӣ ва баррасии ҳолатҳои клиникӣ.

• Ҳуҷуми маѓзисарӣ

Арзишмандии усул аз он иборат аст, ки вай гурӯҳро муттаҳид месозад. Ба ҳар як иштирокчӣ имконият медиҳад ҳис кунад, ки пешниҳоди вай арзише дорад. Усулро дар ҳама давраҳои таҳсил ба кор мебаранд, вале дар давраи асосӣ, ки ба коркарду мустаҳкам кардани маводи нав равона шудааст, ба таври васеъ бояд ба кор бурд.

Барои истифодаи усулҳо ва муносибатҳо дар таълим, дар асоси 8 принсипи зерин бояд кор кард:

• Нақши муаллим дар рафти усулхои фаъоли таълим хеле масъулиятнок аст: вай барномаи омӯзишро омода месозад, барои корҳои мустақилонаи хонандаро то дар зергурӯҳҳо муҳокима шуда, истифода кардани маводи иттилоотӣ хизмат мерасонад, Таълим дар сурате натиҷабахш аст, ки агар иштирокчӣ барои хондан тайёр бошад. Муаллим уҳдадор мебошад, ки муҳитеро фароҳам созад, ки сарчашмаи илҳоми иштирокчиён гардад.

• Таълим дар ҳолате бомуваффақият гузаронида мешавад, ки агар дар заминаи он бунёд шавад, ки иштирокчӣ онро аллакай медонад ё таҷрибаи корӣ дорад.

• Таълим дар ҳолате бомуваффақият гузаронида мешавад, ки агар иштирокчиён пешакӣ огоҳ карда шаванд, ки чиро омӯхтани онҳо зарур аст.

• Таълим ҳангоме осон ҷараён мегирад, ки агар тарзу усулҳои гуногуни таълим истифода шаванд.

• Имконпазирии коркарди малакаҳо дар оѓози таълим дар шароитҳои назоратшаванда ва сохташуда (масалан, ҳангоми гузаронидани бозиҳои ролдор ё гузаронидани дарсҳо дар муляжҳои анатомӣ барои ба даст овардани малакаҳо ва то дараҷаи эътиборнокӣ инкишоф додани онҳо хеле муҳим аст.

• Такроркунӣ унсури зарурии раванди бадастоварии таҷрибанокӣ ё эътиборнокии малака аст.

• Чӣ қадаре ки ҳолати (ситуатсия) дарсӣ табиӣ ё воқеӣ бошад, ҳамон андоза раванди таълим самаранок аст.

• Баҳои муаллим барои таъсирбахш будан бояд фаврӣ, мусбат ва беѓаразона бошад.

Муаллим иштирокчиёнро ба самти кашф кардани донишҳои нав ва аз худ кардани малакаҳои нав ё такмил додани малакаҳои аллакай мавҷудбуда ҳидоят менамояд.

Омӯзиши усулҳо. Хусусиятҳои усули таълим ва шаклҳои он аз чунин методҳо иборат мебошад.

Метод ин худфаъолият нест, балки тарзи ба роҳ мондани вай мебошад.

Усули таълими бояд ба мақсади дарс мувофиқат кунад, ҳар як усул дорои мазмуну мундариҷаи фаннӣ мебошад.

Усул набояд нодуруст бошад, танҳо дар истифодабарии он метавонад нодуруст истифода шавад. Дар баҳсҳои таълимӣ- –муоширати мукаммалшавии иштироккунандагонро дар раванди ташаккулёбии таҷрибаи амалӣ иштироки якҷоягӣ дар муҳокимарониҳо ва ҳал намудани проблемаҳои назариявӣ ва амалӣ руҳ медихад.

Вазифаи муаллим аз он иборат аст, ки бо иштирокчӣ дар роҳи ба даст овардани эътиборнокии мукаммали малакаву чорабиниҳо ёрӣ расонад, то ки иштирокчӣ на фақат ҳангоми арзёбии дониши худ баҳои баланд гирад, балки ба мазмуни дарс сарфақм равад. .Агар иштирокчӣ эътиборнокии комилро соҳиб нашавад, муаллим инро танҳо ба қобилияти нокифоя доштани иштирокчӣ алоқаманд сохта, имкониятҳоеро ҷустуҷӯ ва пайдо намояд, ки ба вай ба таври иловагӣ ёрӣ расонад ё машқ диҳад, ҳамчунин оид ба беҳтар сохтани роҳу усулҳои таълим андеша кунад. Машқкунӣ аз баҳои мусбат, гӯшкунии фаъол, саволҳо ва маҳорати ҳаллу фасл карда тавонистани проблемаҳои мухталиф барои фароҳам овардани муҳити мусоиди таълим иборат аст. Муаллими ботаҷрибаи бояд хислатҳои асосии махсуси тренер (мураббӣ)-ро дошта бошад.Барои иҷроиш протседураҳои клиникӣ пеш аз ҳама ба иштироккунанда лозим меояд,ки ду чорабинии таълимиро гузарад:

• Муаллим бо истифода аз муляжи анатомӣ ва воситаҳои муносиби аудио-визуалӣ (масалан, маҷмӯи слайдҳо ва видиофилмҳои таълимӣ) бояд якчанд маротиба малакаҳо ва усулҳои бо патсиент муносибат карданро нишон диҳад.

• Иштирокчӣ зери роҳбарии муаллим бояд малакаҳо ва муносибатҳои зарури ва патсиентро дар муляжҳои анатомӣ ва асбобҳои ҳақиқи шароитҳои сохташуда, ки то ҳадди максималӣ ба ҳолатҳои воқеӣ наздиканд, машқ кунанд.

Мақсадҳои омӯзиши ин усулҳо муфассал нишон додани он аст, ки маҳз чиро динишҷӯ аз худ бояд намуд.

Воситаи таълим барои муаллим ҳуҷҷате мебошад, ки сохтори гузаронидани курси таълимиро дар бар гирифта, муаллимро бо иттилоот ва дастурҳои иловагӣ таъмин мекунад. Илова бар ин дар фасли «Маслиҳатҳо дар хусуси чӣ тавр гузаронидани пурсиш», «Чӣ тавр гузаштани машѓулияти имрӯза» ва «чӣ тавр муаллими хуб шудан»-ро муайян метавон кард.

Мақсад аз ин пешниҳоду тавсияхо дар он аст,ки дар шароити муосир омӯзгор дар ҷабҳаи таълим ва шунаванда дар самти азхудкунии донишҳо ба ҳадафҳои дар пешгузошта комёб шаванд.

Давлатова С.Т

Мудири кафедраи «Таърих ва ҳуқуқ»- и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.