ПАЁМИ МАЪРИФАТОФАР

0 2

(Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар меҳвари

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Паёми Пешвои миллат чун оинаи фардонамо чун анъана ба суннати муборак табдил ёфтаву ҳаёти моро омӯзгорӣ менамояд.

Паёми имсола бо муждаҳои комилан навин барномаҳои азими иҷтимоӣ ифтитоҳу навсозиҳои беназир дар кулли риштаҳои иҷтимоъ ва иқтисоду сиёсат, илму маориф ва фарҳангу ҳунар маҳсуб мешавад.

Президенти кишвар таъкид карданд, ки маориф меҳвари рушди миллат ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ мебошад. Пешвои миллат ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва тақвияти кадрҳои омӯзгорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Масъалаи таълими касбӣ ва таҳсилоти олӣ низ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифта, таҳкими робитаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо истеҳсолот ва бозори меҳнат, инчунин ҷалби ҷавонон ба таҳсилоти касбӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегӣ дониста шуд.

Дар ин раванд, рисолати мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ танҳо бо шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паём маҳдуд намешавад.

Мо бояд дар шуури ҳар як сокин ин мафкураро ҷойгир намоем, ки Паёмро ҳамчун дастури амал ва вазифаи солонаи худ пазируфта, онро бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ иҷро намояд. Ин амр тақозо мекунад, ки аҳли маориф дар самти рушди илм ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, табибон дар беҳбуди саломатии ҷомеа ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва мардум дар риояи қонунҳои миллӣ, тарбияи дурусти фарзандон ва анҷоми корҳои судманд саҳмгузор бошанд. Ҳатто ашхоси муваққатан бекор бояд бо такя ба ҳунарҳои мардумӣ ва имкониятҳои мавҷуда барои худ ва дигарон ҷойи кор офаранд.

Яке аз мавзуъҳои муҳими ин Паём омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳамчун талаботи замон ва омили пешрафти шахсият ва ҷомеа таъкид гардид.

Президенти кишвар дар Паём таъкид намуданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони англисӣ, ҷузъи ҷудонашавандаи таҳсилоти муосир ва воситаи тавсеаи ҷаҳонбинии ҷавонон мебошад.

Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ, донистани забонҳои хориҷӣ на танҳо имкони васеъи иттилоотгирӣ, балки роҳ ба бозори меҳнати байналмилалӣ ва таҳсили босифат дар хориҷро фароҳам месозад.

Мақсад аз омӯзиши забонҳои хориҷӣ, тавре дар Паём омадааст, тайёр кардани мутахассисони рақобатпазир, баланд бардоштани сатҳи маърифати хонандагону донишҷӯён ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Пешвои миллат таъкид карданд, ки забонҳо воситаи муаррифии фарҳангу тамаддуни миллӣ ва инчунин, василаи созишу ҳамдигарфаҳмӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.

Дар робита ба ин, вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки барномаҳои таълимиро дар бахши забономӯзӣ такмил дода, ба омӯзиши самараноки забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи бештар диҳанд. Ин иқдом ҳам дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ҳам таҳсилоти касбӣ ва олӣ амалӣ мегардад.

Дар маҷмӯъ, Паёми Президенти кишвар боз як маротиба муҳим будани маорифро дар рушди ҷомеаи муосир ва бунёди ҷомеаи донишбунёд таъкид намуда, роҳу равишҳои рушд ва ҳалли мушкилоти мавҷударо нишон дод.

Дар охир бояд қайд намуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси як дастури маърифатовар дар самти рушди бонизоми соҳаи маориф, боло рафтани мақому манзалати омӯзгор ва тақвият бахшидан ба маърифатнокии ҷомеаи мутамаддин нақши муҳим бозида, баҳри амалисозии ҳадафҳои стратегии кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат менамояд.

СИМОИ Ҳотамбек,

омӯзгори кафедраи “Забони англисӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.