НАВРӮЗ ДАР ПАРТАВИ ФАЛСАФАИ ЗИНДАГӢ ВА ЭҲЁИ ҲАСТӢ

0 0

Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст.

Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад.

Маҳз бо ҳамин сабаб ин падидаи асили фарҳангӣ ҳаргиз куҳнашавиро намепазирад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мемонад.

Ҳарчанд ки дар давраҳои гуногуни таърихи ташаккули худ ин ҷашн таҳти таъсири монеаву маҳдудиятҳои зиёд қарор гирифтааст, вале бинобар асолати табиӣ, арзишу аҳаммияти ҷовидонаи мардумӣ ва фалсафаи нерӯманд доштанаш зиндаву поянда монда, то замони мо расидааст.

Дар ҷаҳонбинии ниёгони мо Наврӯз таҷассуми пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ ва хубӣ бар бадӣ мебошад. Ва табиист, ки чунин суннати пурарзиши табиӣ ва инсондӯстонаву хайрхоҳона ба ҳеҷ гуна маҳдудият тобеъ намегардад.

Қобили зикр аст, ки ҳавзаи тамаддунии Наврӯз дар тӯли таърихи дуру дарози мавҷудияти он қаламрави минтақаҳои мухталифро фаро гирифта, фарҳанги халқу миллатҳои гуногуни оламро рангорангу ғанӣ гардонидааст.

Ва беҳуда нест, ки мардуми дунё ҳамдигарро бо ибораи зебои тоҷикии “Наврӯз муборак” таҳният мегӯянд.

Имрӯз мо бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорем, ки ба шарофати истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон Наврӯз – ин ойини бебаҳои аҷдоди худро эҳё кардем ва барои рушди минбаъдаи русуми наврӯзӣ заминаи мусоид муҳайё намудем.

Бинобар ин, ҳамаи мо бояд корҳои ободониву бунёдкориро барои истиқболи арзандаи ин ҷашни муқаддас вусъат бахшем, иҷрои нияту нақшаҳои созандаамонро таъмин намоем ва шаҳру ноҳияҳои кишварро боз ҳам обод созем.

Аз замонҳои қадим дар байни мардуми мо таомуле роиҷ буд, ки тибқи он Наврӯзро бо сару либоси идонаи миллӣ, хонаву кошонаи тозаву озода ва маҳаллу деҳоти ободу ороста истиқбол мегирифтанд.

Наврӯз дар замони подшоҳии Ҳахоманишиён (садаҳои VI–IV пеш аз милод), Ашкониён (садаҳои III пеш аз милод–III милодӣ) ва Сосониён (садаҳои III–VII милодӣ) ҷашни оғози расмии солшуморӣ буд. Наврӯз дар замони ҳукуматҳои туркии Ғазнавиён, Қарохониён, Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён ва муғулии Қарахитоиён, Чағатоиён, Темуриён, Шибониён, Аштархониён ва Манғитиён бар сарзамини тоҷикон низ ҷашн гирифта мешуд, ҳарчанд гоҳе фармонравоёни бегона кӯшиш ҳам мекардаанд, ки мардумро аз ҷашн гирифтанаш боз доранд. Аммо аз он ҷое, ки Наврӯз оғози солшумории расмӣ ва молиётӣ низ буд, натавонистанд онро решакан кунанд. Бино ба додаҳои тарихпажӯҳишон, Наврӯз дар садаи XIX ва оғози садаи XX дар саросари Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешуд.

Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия» аз Алӣ ибни Яҳё гуфтовард карда, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва дар китобаш «ат-Тафҳим» менигорад, ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст». Вай ҳамчунин овардааст, ки «чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динҳо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз он ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд».

Дар даврони Салҷуқиён, ба дастури Ҷалолиддин Маликшоҳ шуморе аз ситорашиносон, аз ҷумла ҳаким Умари Хайём, гоҳшумории хуршедиро дақиқ карданд ва Наврӯзро дар нахустин рӯзи баҳор, расидани Хуршед ба бурҷи Ҳамал, қарор доданд ва ҷойгоҳи онро собит карданд. Ин гоҳшуморӣ, ки ба «Тақвими Ҷалолӣ» маъруф шуд. Ҳаким Умари Хайём дар ин бора дар рисолааш «Наврӯзнома» гуфта, ки «Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд».

Дар гузашта Наврӯзро дувоздаҳ рӯз ҷашн мегирифтанд. Дар панҷ рӯзи нахуст Наврӯзро бо хонавода ҷашн мегирифтанд ва сипас аз хешону пайвандону дӯстон дидорбинӣ мекарданд. Нӯҳум рӯз Наврӯзи Шаҳриёрон будааст. Сездаҳум рӯзро мардум аз деҳаву шаҳрҳо ба берун мерафтаву ҷашн мегирифтанд ва онро «сездаҳбадар» мегӯянд. Наврӯз чун оғози баҳору сол аст, рӯзшумори фаро расиданаш аз ҷашни Сада оғоз меёбад, ки 50 рӯз пеш аз он меояд. Яке дигар аз муқаддимаҳои Наврӯз ҷашни чаҳоршанбеи сурӣ аст, ки дар охирин рӯзи чоршанбе пеш аз фаро расидани Наврӯз баргузор мешавад. Мардум сешанбе шаб оташе меафрӯзанд ва гирдаш базму бозӣ мекунанду ҳар гоҳе аз оташ меҷаҳанду мегӯянд «сурхии ту аз ман, зардии ман аз ту».

Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад.

Имрӯз барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад.

Маҳз машварату дастгирии ҳамдигарӣ буд, ки мо ба ин натиҷаи барҷаста шарафёб гардидем ва акнун моро зарур аст, ки дар оянда низ барои эҳё ва таҳкиму тақвияти ин ҷашни зебои ниёгонамон ва ба оламиён ба таври арзанда муаррифӣ кардани суннату русуми неки он саъю кӯшиш намоем.

Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» омадааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони мӯътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, инчунин бо мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврӯзӣ ҳамасола чорабиниҳо баргузор намоянд.

Ин аст, ки ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Нимқораи Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.

Ҳар сол пас аз Истиқлоли Тоҷикистон Наврӯз марҳала ба марҳала азамату шаъну шукуҳи худро нишон медод. Хушбахтона, бо ташаббуси Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 90-и садаи 20 ҷашнгирии Наврӯз ба ҳукми анъана даромада, дар тамоми мамлакат густариш ёфт.

Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли дирузу имрӯз бо расму оин, арзишҳои этикию эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгонамон мебошад.

Наврӯз аз давраи пайдоишаш то имрӯз бо тарғиби зебоию накукорӣ, бузургдоштани инсону табиат ва сифатҳои эҳёгариаш фарқ мекунад. Риояи расму оин ва анъанаҳои ҷашни Наврӯз, ки аз ниёгонамон то ба мо расидааст дар саросари Тоҷикистон бо ҳар ранге ва бо ҳар дастуре то ҳанӯз побарҷост. Наврӯзро пеш аз ҳама деҳқонон – кишоварзон пешвоз мегирифтанд. Дар ҳақиқат, калиди ризқу баракат дар мушти кишоварзон аст. Онҳо имрӯз ба саҳро баромада баҳри фаровонии нозу неъмат каланд ба хоки нарм мезананд, ниҳол мешинонанду боғ бунёд мекунанд.

Яке аз хосагиҳои ҷашни Наврӯз дар байни мардуми ориёӣ алалхусус мардуми тоҷик ин сабзонидани майсаҳои ғалладона – гандуму ҷав буд, ки ин дар суфраи идонаи наврӯзии ҳар хонадон дида мешавад.

Наврӯз чун ҷашни мардумӣ дар ҷисму ҷони мардуми тоҷик ҷо гирифтааст. Наврӯз дар айни ҳол ҷашни бедорист ва фазилатҳои бешумори башардӯстона дорад. Бо фаро расидани Наврӯз хонаҳоро тозаву сафед менамоянд, то ки покию сафеди ҳамеша ёрашон бошад, дастархони идона меороянд, то ки хайру баракат аз хонашон кам нашавад, гулгардонӣ мекунанд, ба умеде, ки гули бахташон шукуфон бошад, об мепошанд, то ҳамасола оби раҳмат ба сарашон резад.

Сироҷов Файзали Нуралиевич

Мудири бахши таҷрибаомузӣ-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.