ҶАМБАСТИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА «ВОЛЕЙБОЛ», БАХШИДА БА «РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУНАТОМЕЗ»

0 2

Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи шаҳри Кӯлоб бахшида ба «Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад», аз 10-уми феврали соли 2026 то 12-уми феврали соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» мусобиқаи варзишии волейбол баргузор гардид.

Дар мусобиқа 6 даста аз донишгоҳу коллеҷҳои шаҳри Кӯлоб иштирок намуда, миёни худ рақобати ҷолиби варзишӣ нишон доданд.

Дар оғози мусобиқа намояндаи Прокуратураи шаҳри Кӯлоб — Аҳтамзода Баҳодур ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб — Абдуллоев Раҳим иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни баромади худ онҳо зикр намуданд, ки тибқи Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти №77/243 аз 20 декабри соли 2022, санаи 12 феврал ҳамчун «Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад» эълон гардидааст.

Бозиҳо дар фазои рақобати солим ва руҳияи баланди варзишӣ ҷараён гирифта, ҳамаи дастаҳо маҳорати хуби варзишӣ нишон доданд. Тамошобинон шоҳиди бозиҳои ҷолибу пуршиддат гардиданд.

Мусобиқа бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиши волейбол ва таҳкими дӯстиву ҳамкории байни ҷавонон баргузор карда шуд. Ҳамзамон, ба масъалаҳои муҳими пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, таъсири манфии ақидаҳои тундравона, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои террористӣ ва оқибатҳои вазнини ҳуқуқию иҷтимоии чунин амалҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар ҷамъбасти мусобиқа ба дастаҳои ғолиб медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот тақдим карда шуд.

Дилбар Мирзоева

Раиси созмони ҷавонони МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.