Ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Шуморо ба муносибати солгарди умратон бо самимияти афзун ва эҳтироми беандоза табрику таҳният менамоянд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо пеш аз ҳама саломатии бардавом, руҳияи қавӣ, умри дарози пурбаракат, рӯзгори ободу осуда, бахту саодати бепоён ва дар фаъолияти пурмасъулияту пурсамари меҳнатӣ комёбиҳои пай дар пай орзу менамоем.
Шумо ҳамчун омӯзгори варзида, роҳбари ботаҷриба ва шахсияти донишманд дар рушди соҳаи маориф ва тандурустии кишвар саҳми арзанда гузоштаед. Бо фаъолияти содиқона, масъулиятшиносӣ ва садоқати касбӣ дар тарбияи мутахассисони соҳаи тиб, баланд бардоштани маърифати касбӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии насли ҷавон нақши назаррас доред.
Меҳнати пуршараф ва талошҳои пайвастаи Шумо дар роҳи рушди муассиса, такмили раванди таълим ва тарбия, инчунин баланд бардоштани сатҳи тайёрии мутахассисони соҳаи тиб боиси эҳтиром ва қадршиносии ҳамагон гардидааст. Бо роҳбарии оқилона ва таҷрибаи ғании касбӣ Шумо тавонистаед дар рушди фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии муассиса дастовардҳои назаррасро таъмин намоед.
Дар тӯли фаъолияти илмию эҷодии худ бо таълифоти арзишманд, тадқиқотҳои илмӣ ва корҳои методӣ дар рушду нумӯи илми тоҷик ва такмили низоми таълиму тарбия саҳми шоиста гузоштаед. Фаъолияти пурсамари Шумо дар омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат намунаи ибрат барои ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Самараи фаъолияти бисёрсолаи Шумо дар тарбияи шогирдони донишманд, ватандӯст ва соҳибкасб имрӯз равшан эҳсос гардида, онҳо дар муассисаҳои гуногуни тиббӣ ва таълимии кишвар фаъолияти босамар доранд. Ин дастоварди арзанда нишонаи садоқат ва муҳаббати самимонаи Шумо ба касби омӯзгорӣ ва хизмати содиқона ба ҷомеа мебошад.
Бо камоли ифтихор қайд менамоем, ки фаъолияти меҳнатӣ, таҷрибаи бой ва ҷаҳонбинии фарохи касбии Шумо барои рушди минбаъдаи соҳаи маориф ва тандурустии кишвар аҳамияти бузург дорад. Шумо бо ахлоқи ҳамида, фарҳанги баланди муошират ва муносибати неку самимона дар байни ҳамкорон ва шогирдон соҳиби эҳтироми хоса гардидаед.
Бо эҳсоси самимияти баланд бори дигар Шуморо ба муносибати ин санаи фархунда табрик гуфта, бароятон саломатии комил, нерӯи тоза, илҳоми эҷодӣ, рӯзгори пурнишот, саодати хонаводагӣ ва муваффақиятҳои нав ба нав дар фаъолияти пуршарафи касбӣ таманно менамоем.
Милоди накӯи умратон муборак ва фархунда бод, устоди гиромӣ!
Бигзор рӯзгори Шумо ҳамеша пур аз фараҳ, сарбаландӣ ва дастовардҳои нав бошад!
РАВЗАНАИ ОШНОӢ
Назарзода Ҷумахон Шамс 15 феврали соли 1968 дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Номзади илмҳои таърих (таърихи тиб). Бо медали «Хизмати шоиста» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2014, №245) сарфароз гардидааст.
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012), Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012) ва Аълочии соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2025).
Хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти русии ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1995). Хатмкардаи Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон (2009).
Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб (1995–1998), ҷонишини директор оид ба тарбия дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб (1998–2000), мудири шуъбаи «Кори фарматсевтӣ» ва «Кори ҳамширагӣ»-и Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб (2000–2011), директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб» (2011–2020), мушовири директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» (2020–2025), директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» (аз 23 апрели соли 2025 то ҳол).

Вы, Davlatshoh Karimzoda, ТИ «Ворисони Сино»-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» и ещё 114