КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА ТОЗАГИИ ҲУДУДИ МУАССИСА

0 2

Маъмурияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муассиса ва сабзу хуррам гардонидани як гӯшаи шаҳр, мутобиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар дохил ва гирду атрофи муассиса, инчунин минтақаҳои вобасташуда, бо иштироки омӯзгорон ва кормандони хоҷагии муассиса шанбегии дастаҷамъона ташкил ва баргузор менамояд.

Бояд қайд намуд, ки омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони хоҷагии муассиса бо руҳияи баланди ватандӯстӣ барои ба тартиб даровардан ва тозаю озода намудани саҳни муассиса дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебо гардидани гирду атрофи муассиса ҳар ҳафта шанбегиҳо баргузор менамоянд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таъкид менамоянд: «Мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва ба фарзандону набераҳоямон мулки ободро мерос гузорем».

Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати санитариву экологии муҳити зист, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва зебову озода нигоҳ доштани ҳудуди муассиса, корҳои ободониву кабудизоркунӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида ба роҳ монда шуданд.

Дар корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ роҳбарияти муассиса ва ҳайати омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, дар саҳн ва гирду атрофи муассиса, инчунин хобгоҳи донишҷӯён гулҳои ороишии ҳамешасабз шинониданд.

Дар ҷараёни иҷрои корҳои мазкур тадбирҳои зерин амалӣ гардиданд:

тоза намудани гирду атроф аз партовҳо ва алафҳои бегона;

шинонидани дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда;

шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ;

обёрӣ ва нигоҳубини ниҳолҳои шинонидашуда;

сафедкунии танаи дарахтон.

Корҳо бо иштироки кормандон дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулиятшиносӣ амалӣ гардиданд. Айни замон нигоҳдории минбаъдаи ҳудуд таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Роҳбарияти муассиса тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ чунин иқдомҳои созандаро мунтазам роҳандозӣ намуда, дар ободу зебо ва сабзу хуррам гардонидани муассиса ва шаҳр саҳми арзандаи худро гузорад.

ШУЪБАИ ТАРБИЯ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.