ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ ШВКД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БО ДОНИШҶӮЁН

0 3

Санаи 09.04.2026 дар муассиса вохӯрии кормандони ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо донишҷӯён баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб, подполковники милитсия Раҷабзода П.Ш., нозири калони ШОПҲНҶ ШВКД дар шаҳри Кӯлоб, майори милитсия Бобохонзода Ситора, инчунин ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қурбон, деканони факултетҳо ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Мақсади асосии баргузории вохӯрӣ тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи дуруст, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон буд.

Зимни суҳбат нозири калони ШОПҲНҶ, майори милитсия Бобохонзода Ситора таъкид намуданд, ки вазифаи аввалиндараҷаи донишҷӯён ин сари вақт ба дарсҳо ҳозир шудан, риояи талаботи муассиса, пӯшидани сару либоси миллӣ ва муассисавӣ, инчунин омода будан бо дафтару китоб ва дигар лавозимоти таълимӣ мебошад.

Ҳамзамон қайд гардид, ки имрӯзҳо бархе аз ҷавонон ба амалҳои номатлуб, аз ҷумла ҷинояткорӣ, экстремизм ва терроризм даст мезананд. Ин падидаҳои хатарнок ба амнияти ҷомеа таҳдид намуда, дар баъзе кишварҳо боиси ҷангу харобӣ гардидаанд. Таъкид шуд, ки терроризм ва экстремизм ҳеҷ робитае ба дини мубини ислом надошта, танҳо бо мақсадҳои ғаразнок истифода бурда мешаванд.

Дар идома оид ба аҳамияти пӯшидани либоси миллӣ сухан рафта, зикр гардид, ки он яке аз нишонаҳои муҳими фарҳангу тамаддун, рамзи зебоӣ ва ифтихори миллӣ ба ҳисоб меравад ва аз гузаштагон ба мо мерос мондааст.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҷавонон бояд аз равияҳои бегона, хурофотпарастӣ ва кирдорҳои манфиатҷӯёна дурӣ ҷӯянд, зеро чунин амалҳо метавонанд ба ахлоқи ҷомеа таъсири манфӣ расонанд. Зарур аст, ки ҳар як ҷавон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва масъулиятшиносӣ барои ояндаи дурахшони давлату миллат саҳм гузорад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ нашуда, аз амалҳои номатлуб худдорӣ намоянд ва донишу малакаи худро такмил диҳанд. Зеро ояндаи ҳар яки онҳо дар дасти худи онҳост.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.