Модар азизтарин ва муқаддастарин шахс дар зиндагии ҳар инсон аст. Модар бо меҳру муҳаббати беандоза, бо сабру таҳаммул ва бо қалби пур аз орзу барои фарзандаш зиндагӣ мекунад.
Модар сарчашмаи зиндагӣ, олиҳаи зебоӣ, рамзи покӣ ва фидокорист. Аз лаҳзаи ба дунё омадани кӯдак модар шабу рӯз дар хизмати фарзанд аст. Ӯ аввалин омӯзгор, раҳнамо ва пуштибони мост. Модар бо суханҳои нарм, дуоҳои хайр ва қалби пур аз меҳр роҳи дурусти зиндагиро ба фарзанд нишон медиҳад.
Модар офарандаи насл, наҷотбахши миллат, таскиндиҳандаи қалбҳо ва илҳомбахши дилҳо ба ҳисоб меравад. Ҳар сол дар саросари ҷаҳон мардум 8-уми мартро ҳамчун Рӯзи модар бо тантана ҷашн мегиранд. Рӯзи модарон яке аз ҷашнҳои пурмуҳаббат ва самимӣ ба шумор меравад. Ин рӯз фурсати арзандаест барои изҳори муҳаббат ва сипосгузорӣ нисбат ба модарон.