ПАЁМ ВА САМТИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА

0 5

Санаи 07-01-2026 дар толори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» бо иштироки ҷонишини директор оид ба илм ва муносибтҳои байналмилаллӣ дотсент Маҳмудзода Қумринисо Нуралӣ, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қурбон ва омӯзгоронону донишҷӯдӯхтарон иштирок доштанд. Ҷонишини директор оид ба илм ва муносибтҳои байналмилаллӣ дотсент Маҳмудзода Қумринисо Нуралӣ баромад намуда қайд доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олӣ ҳамасола ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ ва раҳнамо барои тамоми самтҳои сиёсати дохилию хориҷии кишвар арзёбӣ мегардад. Дар Паёми соли ҷорӣ низ, яке аз масъалаҳои калидӣ ва меҳварӣ, ҷойгоҳ ва нақши занон дар ҷомеа мебошад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки занон бояд ҳамчун нерӯи фаъоли ҷомеа дар тамоми бахшҳо-аз соҳаи маорифу тандурустӣ то илм соҳибкорӣ ва роҳбари фаъол бошанд. Дар Паём омадааст, ки «Зан-такягоҳи ахлоқ ва фарҳанги ҷомеа» аст, ки ин изҳорот масъулияти занонро дар рушди маънавӣ ва иҷтимоии миллат боз ҳам бештар мекунад.

Минбаъд ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қурбон чунин иброз намуданд, ки Пешвои миллат занонро натанҳо тарбиятгарони насл, балки ҳамчун нерӯи созанда ва фаъоли ҷомеа ном бурданд. Таъкид гардид, ки занон бояд дар соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ, сиёсати давлатӣ ва соҳибкорӣ саҳми бештар гузоранд. Барномаҳои давлатӣ аз ҷумла барномаи миллии рушди занон ва пешгирии зӯроварӣ дар оила, ба хотири таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар барои занон қабул шудаанд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки самти заонон имрӯз аз сухан ба амал гузашта ба як воқеъияти муҳими рушд табдил ёфтааст. Ҳар як бонуи тоҷик бояд ба Паёми раҳбарии давлат посухи шоиста диҳад бо таҳсил, тарбия, ахлоқ фаъолият ва ватандӯстӣ.

Хулоса Паём як даъват аст- барои амал пешравӣ ва худшинсӣ. Ҳар як ҷавондӯхтар бояд дарк намояд, ки таҳсил ва ҷаҳонбинӣ кафолати зиндагии шоиставу мустақил мебошад. Маҳс тавассути бонувони босавод ва фаъол, ҷомеаи солиму пешрафта бунёд мешавад.

ШУЪБАИ ТАРБИЯ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.