ҲАДЯИ МУҲАББАТ БА БОНУВОНИ МУАССИСА

0 2

Санаи 06.03.2026 дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» маросими туҳфасупорӣ бахшида ба «Рӯзи модарон» баргузор гардид.

Дар ҷамъомади имрӯза директори муассиса муҳтарам Назарзода Ҷумахон Шамс, ҷонишини директор оид ба таълим Нуруллоён Сарвиноз, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қурбон, ҷонишини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Маҳмудзода Қумринисо Нуралӣ, мушовири директор Салимзода Ҷумахон, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи омӯзгорон Ҷаъфаров Рустамхон ва сардори сифати таълим Сафарзода Файзалӣ иштирок доштанд.

Директори муассиса муҳтарам Назарзода Ҷумахон Шамс баромад намуда, ҳамаи бонувони тоҷикро ба ин рӯзи фархунда табрик намуданд. Ӯ қайд карданд, ки модар рамзи муҳаббати беинтиҳо, меҳрубонӣ ва садоқат буда, сарчашмаи зиндагӣ ва чароғи хонадон маҳсуб меёбад. Шахс нахустин дарси одамият, поквиҷдонӣ ва инсондӯстро аз домони гарму пурмеҳри модар меомӯзад. Зан–модар на танҳо тарбиятгари фарзанд, балки посдори забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошад. Маҳз бо заҳмату фидокории модар насли солиму бофарҳанг ба камол мерасад ва ҷомеа рушду нумуъ меёбад.

Мушовири директор Салимзода Ҷумахон низ бонувони зебоеро, ки дар ин толор иштирок доштанд, аз самими қалб ва бо эҳтироми комил муборакбод намуданд.

Омӯзгори кафедраи «Ҷамъиятӣ» Абдураҳмонова Гулчеҳра омӯзгорони муассисаро ба Рӯзи модарон табрик намуда, чунин иброз доштанд, ки имрӯз бонувони тоҷик дар мақомоти давлатӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, соҳибкорӣ ва дигар бахшҳо фаъолияти самаранок дошта, дар рушду пешрафти Ватани азизамон саҳми арзишманд гузошта истодаанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо сиёсати хирадмандона ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи баланд бардоштани мақому мартабаи занон дар ҷомеа ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Дар фарҷом ҷонишини директор оид ба таълим Нуруллоён Сарвиноз ин рӯзи фархундаро ба бонувони тоҷик ва модарони арҷманду воломақом табрик намуда, ба онҳо дар ҷодаи кору фаъолияташон бурдбориҳои беназир таманно намуданд.

Дар анҷоми ҷамъомад аз тарафи директори муассиса ба кормандони хоҷагӣ ва омӯзгороне, ки дар тарбияи насли наврас саҳми арзишманди худро гузоштаанд, бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд.

Дар ин чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти коллеҷ ба 105 нафар омӯзгор-занон ва 20 нафар кормандони хоҷагии муассиса ба муносибати ин ҷашн матои баҳории атлас тақдим карда шуд.

МАЪМУРИЯТӢ МУАССИСА

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.