КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «СӮХТАГИҲО: НАМУДҲО, КӮМАКИ АВВАЛИЯ ВА ТАБОБАТ»

0 2

Санаи 27.02.2026 аз ҷониби кафедраи «Ҷарроҳӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Сӯхтагиҳо: намудҳо, кӯмаки аввалия ва табобат» баргузор гардид.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ мутахассиси бахши идоракунии сифати таҳсилот Асоева Бунафша оғоз намуд. Дар суханронии худ мавсуф аҳамияти омӯзиши масъалаҳои марбут ба сӯхтагиҳо, роҳҳои пешгирӣ ва усулҳои муосири табобати онҳоро таъкид кард.

Дар ҷараёни конференсия омӯзгорони ботаҷрибаи муассиса – Давлатов Амрохон, Ҷафаров Рустам, инчунин мудири кафедраи «Ҷарроҳӣ» Бозоров Орзу бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, оид ба намудҳои гуногуни сӯхтагиҳо, дараҷаҳои онҳо, тарзи расонидани кӯмаки аввалия ва усулҳои муосири табобат маълумоти муфассал пешниҳод карданд.

Зимни баромадҳо ба донишҷӯён доир ба роҳҳои дурусти расонидани кӯмаки аввалия ба шахсони осебдида, пешгирии оқибатҳои вазнини сӯхтагиҳо ва истифодаи усулҳои муосири тиббӣ маълумоти муҳим ироа гардид.

Конференсияи мазкур барои донишҷӯён ҷиҳати ғанӣ гардонидани донишҳои назариявӣ ва амалӣ вобаста ба сӯхтагиҳо, намудҳо ва усулҳои табобати онҳо хеле муҳим ва бомаврид арзёбӣ гардид.

Дар анҷоми конференсия миёни иштирокчиён бахши саволу ҷавоб баргузор гардида, донишҷӯён ба саволҳои худ посухҳои муфассал гирифтанд.

Сухани ҷамъбастӣ ба сардори шуъбаи илмӣ-методӣ Абдураҳмонов Карим дода шуда, мавсуф аҳамияти чунин чорабиниҳои илмиро барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии донишҷӯён таъкид намуд.

Орзу Бозоров

Мудири кафедраи «Ҷарроҳия»- и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.