Санаи 27.02.2026 аз ҷониби кафедраи «Фанҳои дақиқ ва риёзӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Таърихи математикони Шарқ», бахшида ба татбиқи Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» баргузор гардид.
Дар кори конференсия сардори шуъбаи илмӣ-методии муассиса Абдураҳмонов Карим, сармутахассиси бахши идораи сифати таҳсилот Асоева Бунафша ва мудири кафедраи «Фанҳои дақиқ ва риёзӣ» Раҳмонзода Алӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузор намудани ин конференсия баланд бардоштани тафаккури илмӣ, тақвияти донишандӯзии донишҷӯён ба илмҳои дақиқ ва огоҳӣ пайдо намудан аз ҳаёт ва фаъолияти олимону пажуҳишгарони соҳаи илмҳои риёзӣ аз даврони қадим то замони муосир мебошад.