ВОХУРИИ САРДОРИ РАЁСАТИ КОР БО ҶАВОНОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁН

0 3

Санаи 5 феврали соли 2026 дар МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» вохӯрӣ Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, Насриддинзода Рамазон, Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб, Абдуллоев Раҳим, Сармутахассиси кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб, Зардаков Абдурасул бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассиса баргузор гардид.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, Насриддинзода Рамазон, қайд карданд, ки ҷавонони имрӯза нерӯи созандаи давлат ва миллати тоҷик ҳастанд. Ӯ таъкид карданд, ки бояд аз амалҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили нашъамандӣ, терроризм, экстремизм, хӯррофотпарастӣ ва тақлидкорӣ дурӣ ҷӯед, зеро ин амалҳо ба саломатии шумо ва оилаи шумо таъсири манфӣ мерасонанд.

Нашъамандӣ барои тамоми мардуми олам вабои аср буда, ба ҳар як хонадон рӯзҳои сиёҳ ва пурмусибат меорад. Зиёде аз ҷавонон ба бекорӣ ва оворагардӣ машғул шуда, ба ин амалҳои номатлуб даст мезананд ва ояндаи пур аз орзуҳои худро аз даст медиҳанд.

Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Яке аз омилҳои то рафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ, васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад».

Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба чунин гуруҳҳо, муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, таъмин набудани ҷойи кори доимӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, муҳити оилаи носолим, бепарвоии волидон нисбат ба тақдири фарзандон ва истифодаи ғайримақсадноки сомонаҳои интернетӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки ояндаи ҳар як фарди бонангу номуси ватандӯст дар дасти худ мебошад. Инсон бояд зиндагӣ ва ҳаёти худро зери хатар нагузорад ва ба амалҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ даст назанад. Ояндасози давлат ва миллати тоҷик ҷавонони қавииродаи тоҷик мебошанд.

ШУЪБАИ ТАРБИЯ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.