ЗАН-МОДАР РИСОЛАТИ САБР ВА МАКТАБИ ИНСОНИЯТ 0 2 Мубодила кардан Донистани қадру қимати зан-модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар фарди баору номус аст. Аз нақши бузурги зан дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣ мекарданду барои кишваркушоӣ кӯшиш мекарданд, саранҷом аз бузургии зан-модар ёд карда, пеши азамати ӯ сари таъзим фурӯд овардаанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли Тоҷикистон иброз дошта буданд: «Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад». Мафҳуми Зан-Модар дар Суханҳои ҳикматомӯзи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи занон ва бонувонниз ибратомӯзу тарбиявӣ буда, моро ба он водор менамояд, ки нисбат ба Зан-модар, сарчашмаи ҳаётва бақои насли инсон ғамхор бошем. Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст. Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд. Мардуми соҳибфарҳанги мо аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои зан-модар арҷ мегузорад ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии мо ба шумор меравад. Яъне ниёгони соҳибилму бофарҳанги мо ба қадру қимат ва эҳтироми модар ҳамчун офарандаи ҳаёт ва парварандаи арзишҳои волои умумибашарӣ, ба монанди муҳаббат ва дӯстӣ, адолатпешагиву ҳақталошӣ, сулҳу оромӣ дар оилаву ҷомеа, тарбиятгари инсони поксиришту накӯкор, далеру шуҷоъ ва ватандӯсту ватанпарвар мерасиданд ва ба ӯ саҷда менамуданд. Зан-Модар, воқеан, нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид». Мақому манзалати волои зан-модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башарият боис гардид, ки модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст доранд ва азиз шуморанд. Чунки мардон аз домани поку мубораки модар ба меъроҷ расидаанд ва ҳеҷ пайғамбаре бе модар ба дунё наомадааст. Аз ин рӯ, пайғамбари бузурги ислом — ҳазрати Муҳаммад дар мавриди мақому манзалати модар дар яке аз ҳадисҳои шарифи худ чунин фармудааст: «Фазилату савоби некӣ ва эҳсону хизмат дар ҳаққи падару модар бештар аз намоз, закот, ҳаҷ, умра ва ҷиҳод дар роҳи Худои Таоло аст». Бо мақсади эҳтиром гузоштан ба модар — сарчашмаи бузурги зиндагӣ, ҳанӯз дар гузаштаҳои дур аҷдоди мо ҳар сол рӯзи муайянеро ба поси заҳматҳои беинтиҳои ӯ, ҳамчун иди модар ҷашн мегирифтаанд. Чунонки Абӯрайҳони Берунӣ менависад, дар байни ҷашну маросимҳои мардуми тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим анъанаи ҷашнгирии иди модар роиҷ будааст. Тибқи гуфтаҳои ӯ, ин ид дар сарзамини тоҷикон дар моҳи сеюми зимистон, ки Исфандормаз ном дошт, яъне мутобиқ ба моҳҳои феврал-март ҳамчун иди иффату зебоӣ ва бузургдошти зан — модар васеъ ҷашн гирифта мешудааст. Хираду наҷобат ва бузургии модар дар адабу фарҳанги халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст. Дар осори бузургони ҷаҳон нақши занону модарони диловару қаҳрамон, ватандӯсту озодихоҳ, соҳибиродаву рисолатшинос ҷойгоҳи арзанда ва хоса дорад. Мисол овардани сифатҳои неки фақат қаҳрамонони «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, амсоли Таҳмина ва Гурдофарид, ҳамчунин меҳанпарастиву фидокории садҳо нафар шахсиятҳои таърихии миллати бостонии мо далели равшани эҳтиром ва арҷгузории бузургони гузаштаамон нисбат ба зан – модар мебошад. Ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварамон маҳз ба хотири қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба ҳамин нақшу мақоми хосаи онҳо мебошад. Барои амалӣ намудани ин мақсади наҷиб Ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ қонуну барномаҳои муҳимеро қабул намуд, ки ҳадафи асосии онҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои кору зиндагии занон, таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ҳалли масоили мубрами ҳаёти кишвар ва рушди устувори он мебошад. Занону духтарони арҷманди мо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат дар баробари мардон заҳмат кашида, ба хотири таҳкими иқтидор ва мақоми шоистаи Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ саъю талош доранд. Дар таърихи навини мо занон дар фаъолияти мақоми олии қонунбарор — парламенти кишвар низ саҳми назаррас мегузоранд. Онҳо дар таҳия, қабул ва татбиқи қонунҳои ба талаби замон мутобиқ фаъолона ширкат меварзанд. Имсол низ шумораи зиёди бонувони фаъоли мо номзадии хешро ба вакилии парламенти мамлакат пешниҳод намуда, ба пирӯзӣ ноил гардиданд. Ин боз як нишонаи торафт мустаҳкам гардидани мақом ва манзалати зан дар ҷомеаи мо мебошад. Дар замони муосир ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Саҳми онҳо хусусан дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ гардонид. Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. Дар баробари ин, мавқеи занонро дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошт, яъне барояшон майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномиро муҳайё сохт. Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд. Ҳамин нерӯву ҷасорати занонро ба инобат гирифта, бо мақсади тавсеаи ҳарчи бештари нуфузи онҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расонидам, ки барои боз ҳам фаъолтар шудани занон заминаи мусоид фароҳам овард. Минбаъд ба хотири дастгирии занон якчанд барнома ва стратегияҳои давлатӣ ба тасвиб расиданд, ки ҳар кадоми онҳо ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занону духтарон нақши муҳим бозиданд. Дар солҳои истиқлолият барои таҳсили духтарон шароити муносиб муҳайё карда шуд. Дар ин давра беш аз 160 ҳазор нафар духтарон, аз ҷумла 9 ҳазорашон тибқи квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуданд, ки ҳоло дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ бо муваффақият кору фаъолият карда истодаанд. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ беш аз 45 ҳазор нафар, таҳсилоти олии касбӣ зиёда аз 62 ҳазор нафар, аз ҷумла дар хориҷи кишвар қариб сеюним ҳазор нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин нишондиҳанда ҳоло ҳам нокифоя аст. Аз ин лиҳоз, ба падару модарон муроҷиат карда, бори дигар таъкид кардан мехоҳам, ки пеши роҳи таҳсили фарзандонашонро нагиранд, баръакс, кӯшиш намоянд, ки онҳо хонанд ва босаводу соҳибмаърифат гарданд. Илова бар ин, таъсиси грантҳои президентӣ мусоидат намуд, ки фаъолияти соҳибкории занон хеле густариш ёфта, онҳо баробари беҳтар намудани шароити оилавии худ ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири бевосита расониданд. Ҳамин иқдом боис шуд, ки ҳазорҳо нафар бонувони мо ба соҳибкориву тиҷорат рӯ оварданд ва корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис доданд. Валиева Ҳусниябону Омӯзгори кафедраи “Забон ва адабиёти”-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” 0 2 Мубодила кардан