НАРӮЗ – РАМЗИ СУЛҲ ВА ДӮСТӢ

0 1

Санаи 02.04.2026 дар майдони варзишии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» чорабинии бошукӯҳи Наврӯзӣ таҳти унвони «Тоҷикистон – ватани Наврӯз аст» баргузор гардид.

Чорабинии Наврӯзи байналмилалӣ дар ҳамбастагӣ бо Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз», Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб» доир карда шуд.

Дар ин чорабинии пуршукӯҳ муовини раиси шаҳри Кӯлоб оид ба рушди иҷтимоӣ Даминзода Арафамо Искандар, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим, узви Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Бозорзода Сафаралӣ Эргаш, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Сафарзода Мунир Ватан, директори муассисаи таълимии ғайридавлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб Ҷумаев Ҷиёнхон Фарҳодович, сардори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Нуруллозода Меҳрулло, Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ва дигар меҳмонону иштирокчиён ҳузур доштанд.

Сухани табрикотӣ ба муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода А.И. дода шуда, номбурда ҳозиринро ба ин рӯзи фархунда табрик гуфта, барояшон саломатӣ, хушбахтӣ ва бурдбориҳо орзу намуданд. Ҳамзамон, Назарзода Ҷ.Ш. ҳозиринро ба муносибати Наврӯзи хуҷастапай самимона табрик намуда, ба онҳо рӯзгори обод ва комёбиҳо таманно карданд.

Инчунин раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим ва сардори Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуруллозода Меҳрулло меҳмонон ва тамошобинонро ба фарорасии фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз табрик намуданд.

Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба директори муассиса Назарзода Ҷ.Ш. бо нишони «Аълочии ифтихории соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон» инчунин ба Талабзода М.Н., Хушвахтзода А.С. ва Зайдуллозода С.С. бо нишони «Аълочии соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон» тақдим гардиданд.

Дар саҳнаи Наврӯзӣ Шоҳ Ҷамшед, Бобои деҳқон ва Маликаи Наврӯз ҳунарнамоӣ намуда, ба ҳозирин пайки Наврӯзро мужда доданд.

Баъдан аз ҷониби донишҷӯёни Коллеҷи милитсия машқи тан ба тани «Кат» ва саҳнаи ҳаҷвӣ пешкаши тамошобинон гардид.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо баромади сарояндагони маҳбуби ватанамон боз ҳам рангоранг гардида, суруду таронаҳои дилнишин хотири ҳозиринро болида сохт. Дар идома омӯзгорону донишҷӯён бо руҳияи баланд ба рақсу шодӣ пардохта, фазои идонаро боз ҳам гармтар намуданд.

Дар маҷмӯъ, чорабинии мазкур ба як ҷашни воқеии Наврӯз табдил ёфта, бо эҳсоси шодӣ, ҳамдилӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ дар хотири иштирокдорон нақши фаромӯшнашаванда гузошт.

МАЪМУРИЯТИ МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.