НАҚШ ВА МАҚОМИ ЗАНОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

0 3

Мо нақши занону бонувон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон, занону бонувон ҳамчун қишри бонуфузи ҷомеа, мақом ва нақши муайяни худро доранд.

Зан – модар ҳамон нафарест, ки наслҳоро ба дунё оварда, тарбия ва ба камол расонида, пойдории давлату ҷомеаро таъмин месозад.

Занон дар воқеъ, ҳамчун қишри бонуфузӣ ҷомеа , сарчашмаи асосии ба вуҷуд оварандаи наслҳои давлатдору давлатсоз, худшиносу ватандӯст, меҳанпарасту ҷомеасоз ба ҳисоб мераванд.

Ин аст, ки мутафакирону донишмандон, шоиру нависанда, муҳаққиқу таҳқиқгар дар ситоиши зан, ҳамчун офарандаи ҳаёт бузургтарин ҷанбаҳои эҷоди худро бахшидаанд.

Ба маврид аст, суханони нависандаи бузурги рус Максим Горкиӣ «Зан – Модар, сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт дар рӯйи замин аст». Ё ин ,ки нависандаи маъруфи Доғистонӣ Расул Ғамзатов мегӯяд, ки «Зан ҳаст, ки зиндагии инсон ҷараён дорад ва ҷомеи инсонӣ рӯшд меёбад».

Оре, мо ҳар чи қадар дар ситоиши зан сухан нагӯем, ҳанӯз басанда нест.

Акнун чанд андешаҳоро оид ба мақом ва нақши занон дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон – даврони соҳибистиқлолии кишварамон баён мекунем.

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ давалату Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар сиёсати иҷтимоӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар ҷомеа тадбирҳои мушаххасро амалӣ месозад.

Дар самтӣ дастгирии занон давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷӯҳи хоса зоҳир мекунанд.

Ғамхориҳои роҳбари давлат ҷиҳати дастгирии занону духтарони тоҷик дар ҳама ҷанбаҳои ҳаётӣ хеле зиёд аст. Аз ҷумла дар ҷодаи дастрасӣ ба таълим, таъмин ба ҷои кор, ҳифзи тандурустии занону модарон, ҳифзи модару кӯдак ва дигар тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд.

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, бо мақсади аз байн бурдани нобаробарии гендерӣ, таъмини баробарҳуқуқии занон ва мардон дар ҳама самтҳо, корҳои зиёде ба анҷом расонида мешавад.

Барои мисол: ҷиҳати бартараф кардани нобаробарии гендерӣ дар соҳаи дастрасии маълумот аз тарафи занон соли 1997 — Ҳукумати ҷумҳурӣ тартиби мувофиқи квотаи Президентӣ ба мактабҳои Оллӣ дохилшавии духтаронро аз навоҳии дурдаст муайян кард, ки ин тадбир дар ҷалби духтарони ноҳияҳои дурдаст, барои гирифтани маълумот ва соҳиби касб шудан аҳамияти муҳим дошт.

Аз ҷумла, аз соли 1997 — то соли 2005, 3911 – нафар ва ба ҳолати соли 2023 – беш аз 10 — ҳазор духтарони деҳот тариқӣ квотаи Президентӣ ба мактабҳои Олии ҷумҳурӣ дохил шудаанд.

Аз оғози ҷорӣ шудани квотаи Президентӣ,яне дар давоми беш аз 29-сол 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм карда,соҳиби маълумоти олӣ гардиданд.Дар давоми солҳои соҳибистқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарони мамлакат муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм карданд.

Ин тадбирҳо боис шудаанд, ки имрӯз шумораи донишҷӯ духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва макотиби Олии кишвар ба маротиб меафзояд. Бахусус, дар муассисаҳои таълимии соҳаи маориф, тандурустӣ ин шумора афзун мегардад.

Бояд гуфт, ки сиёсати давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар ҷомеа, сол то сол афзуда, барои рӯшди ҷомеаи муосири Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Дар замони муосир нақши занони фаъол ва лаёқатманд дар ҳаёти сиёсӣ ва корҳои идоравӣ хеле назаррас мебошад. Бо мақсадӣ фаъол гардонии нақши занон дар ҳаёти ҷомеа ва идораи давлатӣ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.12.1999 «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои баробар ҳуқуқии занону мардон ва имкониятҳои баробари татбиқи онҳо» аз 01.03.2005 аҳамияти муҳим доранд.

Дуруст аст, ки тадбирҳои амали шуда, ҷиҳати дастгирии занон, имконият фароҳам овард, ки дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон, мақом ва нақши зан афзуда, имкониятҳои баробари занон ва мардон дар ҷомеа таъмин гардад ва дар як вақт нобаробарии гендерӣ бартараф карда шавад.

Сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии занон, ҷиҳати таъминӣ ҳуқуқ ва имкониятҳои занон ва мардон нақши муҳим дорад.

Принсипҳои асосии сиёсатӣ давлатӣ ҷиҳати дастгирии занон чуни наст;

— Имкониятҳои баробари ширкат дар қабулӣ қарорҳои: сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ.

— Дастрасии баробарии занону мардон ба ҳама навъҳои фаъолияти ҷамъиятӣ.

— Музди меҳнати баробар.

— Баробари дар ҳаёти оилавӣ ва ғайра.

Дар ҳақиқат мақом ва нақши зан дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон боло рафта, онҳо метавонанд, ки имкониятҳои воқеии худро амалӣ гардонанд.

Тибқи оморҳои ҷойдошта, ба ҳолати соли 2025 – аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ, 25,2 фоизӣ кормандонро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Аз ҷумла; аз шумораи умумии вакилон дар мақомотӣ намояндагии кишвар; Маҷлиси Миллӣ 8 – нафар – 25,8 фоиз, Маҷлиси намояндагон 15 – нафар – 23,8 фоиз, соҳаи маориф 73,6 фоиз, соҳаи тандурустӣ 71 фоиз,соҳаи фарҳанг 47 фоиз,37 фоизи олимон,30 фоизи соҳибкоронро занону бонувон ташкил медиҳанд. Ин рақамҳо шаҳодат медиҳпнд, ки занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва корҳои идоравӣ бештар ҷалб мешаванд.

Чуноне, ки Пешвои Миллат иброз медоранд, «Занон нерӯи бузурге ҳастанд, ки имконият доранд, на танҳо дар тарбияи наслҳо, балки дар бахшҳои; сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва тарғибу ташфиқӣ сиёсати давлатӣ нақши созандаи худро гузоранд».

Дар ҳақиқат зани тоҷик дар марҳилаи имрӯза дар пешрафту рӯшдӣ давлату ҷомеа саҳми арзанда дорад.

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати райпарваронаи Пешвои муаззами миллат, дар самти дастгири аз занону бонувон мақом ва нақши зан дар ҷомеа мустаҳкам гардида,рӯз то рӯз устувор мешавад.

Ин аст, ки занону бонувони тоҷик Пешвои худро эҳтиром ва арҷгузорӣ карда, дар амалӣ кардани Дастуру ҳидоятҳои ӯ сайю талош мекунанд.

Пешвои муаззами миллат таъкид мекунанд,ки«Ман бовари дорам,ки занонубонувони кишвар дар оянда низ дар татбиқи нақша-барномаҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳми фаъоли худро мегузоранд,зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибгару посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд»

Хулосаи ин андешаҳо: занону бонувони тоҷик имрӯз ҳамчун офарандаи наслҳо, тарбиятгар, роҳбар, табиб, омӯзгор, таҳқиқгару тарғиботчӣ, ихтирокору олим ва татбиқкунандаи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат,мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯшду шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистон,дар сатҳи баланд муарифӣ мешаванд.

Ба ҳама занону бонувони тоҷик,«Рӯзи модарон»-ро табрик гуфта,ба онҳо тансиҳатӣ,сарбаландию комёбиҳоро таманно дорем.

К.Абдураҳмонов

Омӯзгори МДТ « Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.