Имрӯз китоб ва телефон ду воситаи муҳими гирифтани дониш ва маълумот ба ҳисоб мераванд. Ҳар яке аз онҳо дар рушди фикрони ва маърифти инсон нақши хос доранд. Дар замони муосир рушди технология ҳаёти инсонро ба таври назаррас тағир додаст. Телефонҳо имрӯз ба яке воситаҳои асосии муошират, омӯзиш ва фароғат табдил ёфтаанд. Дар баробари ин китоб ҳамчун манбаи қадимӣ ва боэътимоди дониш мавқеи худро то ҳол нигоҳ доштааст. Муносибати байни китоб ва телефон масъалаи муҳими иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба шумор мераавнд. Бо вуҷуди ин, китоб ин ганҷи маънавӣ ва манбаи дониш то ҳол арзиши худро гум накардааст. Муқоисаи китоб ва телефон масъалаи муҳим ва баҳсбарангези ҷомеаи имрӯз мебошад. Илова бар ин, таъсири китоб ва телефон ба ҷавонон махсусан муҳим аст.Ҷавонон имрӯз бештар ба телефон майл доранд, зеро он шавқовар зуд ва гуногунҷабҳа мебошад.
Китоб аз қадимулайём ҳамчун сарчашмаи ассосии дониш, фарҳанг ва тафаккур шинохта шудааст. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат гуфтаанд: «Китоб калиди дониш ва воситаи асосии саводнокшавӣ аст». Оре китоб шамъи дили инсон аст. Шахсе. ки китобро мутолиа мекунад, ҳеҷ вақт дар торикиву ҷаҳолати танги зиндагӣ ноумед намешавад, чунки маҳз панду андарзҳои китобро роҳнамои худ дар зиндагӣ мегардонад. Бо хондани китоб инсон ҷаҳонбинии худро васеъ мекунад, ахлоқи нек меомӯзад ва забонро ғанӣ гардонида,тафаккурашро инкишоф медиҳад. Китоб инсонро ба сабр, диққат ва андешаи амиқ одат медиҳад.
Пас, китоб сармояи ақлу хирад сарвати бебаҳо кони ганҷу маърифат ва маҷмуи ахлоқи накӯст, ки инсонро бо роҳи ростиву росткорӣ хирадмандиву мардонагӣ ва матонату бузургӣ раҳнамо месозад.
Аз тарафи дигар, телефон дар замони муосир воситаи бисёрфунксионалӣ ба ҳисоб меравад. Телефон бошад маҳсули техникаи замони нав аст. Бо ёрии телефон инсон метавонад ба интернет ворид шуда, китобҳои электронӣ хонад, дарсҳои онлайн омӯзад ва бо одамони дурдаст робита дошта бошад. Телефон омӯзишро осон ва дастрас гардонидааст. Бо вуҷуди бартариҳои телефон, истифодаи аз ҳад зиёди он метавонад ба саломатӣ ва рушди фикрии инсон таъсири манфӣ расонад. Кам шудани шавқи мутолиаи китоб, парешонии фикр ва вобастагӣ аз телефон аз мушкилоти ҷиддии замони имрӯзанд. Бо вуҷуди ин, истифодаи нодурусти телефон метавонад ба саломатӣ ва вақти инсон зарар расонад. Аз ин рӯ, бояд байни истифодаи телфеон ва хондани китоб тавозун нигоҳ дошат шавад. Масъала дар он нест, ки кадоме аз онҳо беҳтар аст, балки дар тарзи истифодаи дурусти онҳост. Истифодаи аз меъёр зиёди телефони мобилӣ истифодабарандагонро ба бемориҳои саратон (раг), нобиноӣ, ношунавоӣ, харобшавии майнаи сар, асабонӣ, фаромӯшхотирӣ ва ғайра оварда мерасонад. Телефони мобилӣ дар худ майдони магнитиро ҳосил менамояд, ки маҳз ҳамин боиси бемориҳои дар боло номбаршуда мегардад. Пеш аз хоб рафтан телефони мобилӣ бояд зиёда аз 2- метр аз Шумо дур ҷойгир бошад, чунки дар вақти хоб организми инсон ҳаракаташ суст мегардад ва таъсири телефон дучанд ба организм мерасад. Агар телефон ҳамчун воситаи омӯзиш ва дастрасӣ ба китобҳои электронӣ истифода шавад, он метавонад ба китоб кумак расонад, на рақобат кунад. Китоб бошад, ҳамеша ҳамчун манбаи баэътимод ва амиқи дониш боқӣ мемонад.
Хулоса, ҳам китоб ва ҳам телефон дар ҳаёти муосир ҷойгоҳи худро доранд. Муҳим он аст, ки инсон тавонад байни онҳо тавозун нигоҳ дорад: телефонро ҳамчун воситаи ёрирасон ва китобро ҳамчун сарчашмаи аслии дониш истифода барад. Танҳо дар ин сурат инсон метавонад ҳам аз технология ва ҳам аз фарҳанги китобхонӣ ба таври дуруст баҳра барад.