САДА ЁДГОРЕ АЗ ТАМАДДУНИ НИЁГОН

0 3

Санаи 02 феврали 2026 сол дар саҳни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тибии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» ҳамоиш зери унвони «Сада ёдгоре аз тамаддуни ниёгон» гузаронида шуд.

Дар ин чорабинии пуршукӯҳ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим, Узви Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Бозорзода Сафарали, ҷонишини директор оид ба таълим Нуруллоён Сарвиноз, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қурбон, ҷонишини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ дотсент Маҳмудзода Қумринисо Нуралӣ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд. Бахшида ба ҷашни Сада ба як қатор кормандони хоҷагии муассиса Сипосномаҳо ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамоишро ҷонишини директор оид ба таълим Нуруллоён Сарвиноз ифтитоҳ намуда ҳозиринро ба ин ҷашни ёдгорӣ табрик намуданд. Зикр намуданд, ки Сада аз давраҳои бостонии аҷдодони мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад. Узви Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Бозорзода Сафарали ҳозиринро ба ин ҷашни таърихӣ табрик намуданд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим баромад намуда қайд доштанд, ки имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори мили мо табдил ёфтааст. Бахши фарҳанги ва ҷамъбастии чорабинӣ бо хурсанди ва шукуҳу шаҳомати хоса ва рақсу бозии гулдухтарони муассиса хусни анҷом бахшида шуд.

Бояд қайд намуд, ки Сада ин ҷашни қадима ва ниёгони халқи тоҷик ва саршавии ҷашни Наврӯзро огоҳӣ медиҳад.

МАЪМУРИЯТ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.