ИСТИҚБОЛИ ФАСЛИ БАҲОРИ НОЗАНИН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ АЗ ТАРАФИ ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ МДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА Р.А.» (01.03.2026) 0 4 Мубодила кардан Бо фарорасии фасли зебову дилфиреби баҳор, омӯзгорону донишҷӯёни МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» бо рӯҳияи болида ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ баҳори нозанинро истиқбол гирифтанд. Баҳор ҳамчун рамзи эҳё, навсозӣ ва покизагӣ ҳамасола ба дилҳо фараҳ мебахшад ва инсонро ба корҳои созандагиву ободонӣ ҳидоят менамояд. Иштироки фаъоли омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ дар чорабиниҳои шаҳрӣ бозгӯи эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии онҳо нисбат ба ҷомеа мебошад. Онҳо таъкид намуданд, ки баҳор барои ҳар як инсон фасли умед, илму дониш ва қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи дурахшон аст. Истиқболи фасли баҳор дар шаҳри Кӯлоб бори дигар нишон дод, ки ҷавонони кишвар бо эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги аҷдодӣ роҳи созандагиро пеш гирифта, барои рушди Ватани азиз саҳмгузор хоҳанд буд. МАЪМУРИЯТИ КОЛЛЕҶ Пеш 1 то 17 саҳифа Баъдӣ 0 4 Мубодила кардан