КОРРУПСИЯ – МУШКИЛОТИ ҶОМЕА ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ОН

0 1

Дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои доғи рӯз, ки барои ҷомеа ва давлат мушкилоту монеаҳо эҷод менамояд, ин коррупсия мебошад. Коррупсия ҳамчун амали номатлуб рушди устувори иқтисодӣ, пешрафти иҷтимоӣ ва таъмини некуаҳволии мардумро бозмедорад. Таҷрибаи давлатҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки паҳншавии ин зуҳурот ба пояҳои давлатдорӣ ва эътимоди мардум ба ҳокимият таъсири манфӣ мерасонад.

Коррупсия падидаи кӯҳан буда, дар тӯли таърих дар шаклҳои гуногун арзи вуҷуд кардааст.

Сабабҳои пайдоиш ва густариши он гуногунанд. Яке аз омилҳои асосӣ омезиши манфиатҳои шахсӣ бо манфиатҳои давлатӣ ва иқтисодӣ мебошад. Хусусан дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ, ҳангоми ташаккули шаклҳои нави идоракунӣ ва танзими давлатӣ, эҳтимоли зуҳури ҳолатҳои коррупсионӣ бештар мегардад.

Тибқи таҳқиқоти коршиносон, коррупсия метавонад дар самтҳои гуногун зоҳир шавад, аз ҷумла:

дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ;

дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

дар соҳаи андоз ва гумрук;

дар сохторҳои низомӣ;

дар соҳаи тандурустӣ;

дар соҳаи маориф;

дар хоҷагии манзилию коммуналӣ;

дар соҳаи кишоварзӣ ва дигар бахшҳо.

Коррупсия дар ҳар кадом аз ин соҳаҳо таъсири манфии худро мерасонад. Масалан, дар соҳаи сиёсат он метавонад боиси вайрон шудани мувозинати байни шохаҳои ҳокимият гардад. Дар иқтисодиёт бошад, барои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ монеа эҷод мекунад. Дар соҳаи иҷтимоӣ маблағҳое, ки бояд барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум равона шаванд, ғайримақсаднок истифода мегарданд. Аз ин рӯ, коррупсия ба амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд низ халал мерасонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва узви ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди коррупсияро яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ қарор додааст. Бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, як қатор тадбирҳои муассир амалӣ гардидаанд.

Аз ҷумла, қабул ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» (25 июли соли 2005), таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (10 январи соли 2007) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи муҳими ҳуқуқиро барои муқовимат бо ин зуҳурот фароҳам оварданд.

Ҳамчунин, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳуҷҷати муҳиме мебошад, ки самтҳои асосии сиёсати зиддикоррупсиониро барои солҳои минбаъда муайян менамояд. Ин стратегия бо дарназардошти тағйироти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таҳия гардида, ба баланд бардоштани шаффофият, масъулиятнокӣ ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст.

Дар маҷмӯъ, пешгирии коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, риояи қонун ва таҳкими арзишҳои ахлоқӣ метавонанд дар коҳиш додани ин падидаи номатлуб саҳми арзанда гузоранд.

Танҳо бо ҳамбастагӣ ва иродаи қавии ҷомеа метавонем барои бунёди ҷомеаи одилона, шаффоф ва ҳуқуқбунёд заминаи устувор фароҳам созем.

Абдураҳмонов К.Ҷ.

Омӯзгори МДТ-и «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.