ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ш.КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА Р.А.” НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

0 8

     Санаи 30 юми январи соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишаст бештар аз 20 нафар намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Нишастро директори коллеҷ доктори илмҳои тиб Азиззода Зубайдулло Абдулло бо пешниҳоди натиҷаи фаъолияти муассиса дар давоми соли 2024 оғоз намуд. Ба ҳозирин доир ба масъалаҳои рушди пояи моддию техникӣ, заминаи кадрӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, китобхона, иштироки донишҷӯёни коллеҷ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ, шароити зисти донишҷӯён дар хобгоҳ, фаъолияти тарбиявӣ, сохтмони хобгоҳи донишҷӯён ва ғайра маълумот пешниҳод карда шуд.

    Дар қисмати саволу ҷавоб масъалаҳои заминаи моддию техникӣ, ҷараёни сохтмони хобгоҳ барои донишҷӯён, сифати таҳсилот, дараҷаи тахассуснокии омӯзгорон, рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар муассисаҳои тандурустӣ, ташкили ихтисосҳои нав, иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, вазъи таъмини донишҷӯён бо стипендия, сифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисон, ҳолати маишии донишҷӯён ва дигар масъалаҳо мавриди баррасию муҳокима қарор гирифтанд. Роҳбарияти коллеҷ оид ба ҳамаи саволу масъалаҳои аз тарафи намояндагони васоити ахбори омма пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас гардониданд.

Раёсати коллеҷ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.