РИСОЛАТИ ИНСОНСОЗИИ ОМӮЗГОР

0 2

Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосӣ мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони худ медиҳад ва хешро хушбахт мешуморад.

                                Эмомалӣ Раҳмон

Омӯзгорон дар ҷомеа мавқеъ ва ҷойгоҳи махсус доранд. Онҳо равшанибахши роҳи маънавии аҳли кишвар мебошанд ва дар раванди давлатдории миллии мо нақши мондагор мегузоранд. Аз ин ҷост, ки дар дарозои таърих ба омӯзгору устод, муаллим ҳамеша чун неруи маънавӣ эҳтиром мегузоранд. Маҳз омӯзгор аст, ки ҷомеаро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ мекунад, насли созандаву бунёдкор ва ифтихорофаринро ба камол мерасонад. Симои омӯзгор дар осори адибони классику муосири тоҷик ҷойгоҳи вижа дорад ва қадри ӯро аз падар бештар донистаанд, мартабаашро ҳамеша дар ҷомеа арзёбӣ кардаанд.

Воқеан, дар масъалаи хирадгароиву маърифатгустарӣ ва баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа нақши омӯзгор бузургу мондагор мебошад.

Пешвои миллат дар мавриди эҳтироми устод чунин сухани ҳакимона гуфтанд: “ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст”. Дар ҳақиқат эҳтироми омӯзгор эҳтиром ба ватану миллат аст. Бояд дар ҷомеа аз ҳама баланд мартабаи омӯзгор бошад, ҷомеае, ки ба омӯзгор эҳтиром мегузорад, ҳатман пешрафта ва ормонӣ хоҳад гашт. Зеро дар натиҷаи омӯзишҳо муайян гашт, ки кишвари Япония замоне пеш рафт, ки ба муаллим эҳтиром қоил шуданд ва қадри ӯро аз ҳама баланд донистанд. Пешвои миллат дар ин маврид низ гуфтанд: “Эҳтироми омӯзгор – эҳтироми миллат” аст. Дар ҳақиқат “Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад”. Дар таърихи фалсафаи таълим, омузгор на танхо як интиколдихандаи дониш, балки як пайвандгар, маърифатбахш ва хидоятгари рухонии шогирдон ба шумор меравад. Ӯ чун нури фурӯзони маърифат дар торикии чахолат, шахсияти насли навро шакл медихад. Ба кавли Саноии Ғазнавӣ: Солҳо бояд, ки то як кӯдаке аз руйи табъ, Олиме гардад наку ё шоире ширинсухан.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба арсаи сиёсат қадам гузоштан соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатдории хеш эълон дошта, ба таҷдиди мактаб ва таълиму тарбия таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд.Чи гунае, ки дар Паёми навбатии худ соли 2023 қайд намуданд: “Аз 1-уми июли соли 2024 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф ва стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд. Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.

Касби омӯзгорӣ ба монанди нурест, ки чашми хиради шогирдонро равшан менамояд ва роҳи онҳоро дар ҳаёт бо нури ақлу маърифат мунаввар мегардонад. Ӯ танҳо касест, ки бо заҳмату талошҳои пайваставу беғаразонаи худ ба шогирдон хирад омӯхта, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои бузург ба онҳо роҳнамоӣ менамояд.

Ян Амос Каменски, яке аз маъруфтарин олимони соҳаи педагогика, ба касби ифтихорманди омӯзгорӣ баҳои баланд дода, чунин гуфтааст: «…ба муаллимон вазифаи беҳтарине супорида шудааст, ки болотар аз он дар зери хуршед чизе буда наметавонад».

Бузургони роҳи маънӣ омӯзгорро меъмори тафаккури инсон ва оинаи рӯзгори халқ мегӯянд, оинае, ки инсон ба он нигариста, камбудиву нуқсонҳои худро бартараф мекунад. Яъне, омӯзгор шахсест ҳамчун намуна барои ибрат, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрат аст.

Дар воқеъ, омӯзгорон роҳнамову роҳкушои аҳли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавиянд. Омӯзгорон ҳидоятгари роҳи ростӣ, роҳи орӣ аз ҳама гуна кирдорҳои бади инсониянд. Омӯзгорон ташвиқкунандаи роҳи дониш ва камолоти инсониянд. Ва омӯзгорон хостгори муваффақии ҳар як инсон дар роҳи илму донишанд. Онҳоянд, ки имрӯз мо якояк аз илму дониш бархӯрдорему ҳама баҳри ҳаёти маърифатнок доштан, саъю талош намуда истодаем.

Рисолати бузургтарини омӯзгор дар он аст, ки инсонро тарбия мекунад, ба камол мерасонад, соҳиби илму маърифат мегардонад. Омӯзгор аз самими қалб ба шогирдонаш дарси одаму одамгариро меомӯзонад ва дар радифи ин ӯ ба шогирдонаш яке аз беҳтарин неъматҳои дунёро, ки сабабгори хушбахтиву сарбаландӣ ва саодатмандиву сарсабзиаш мегардад, илму адабро ҳадя менамояд. Омӯзгор бояд бо амалҳои накӯяш, бо дониши баландаш шогирдон ва аҳли ҷомеаро бовар кунонда тавонад, ки ободии Ватан ва зиндагии шоистаи халқ аз бомаърифатӣ ба шумор меравад. Муаллим ба суханони ҷозибадораш бояд ба шогирдони худ ҳушдор намояд, ки кибру ғурур, танпарастӣ, худкомӣ, ноҳаққӣ, нафси амора оқибат одамро шармсор ва беобрӯ мегардонад.

Рушди маорифи кишвар собит месозад, ки дар ин марҳала низоми босуботи маориф ба вуҷуд омада, насли бомаърифат, хештаншинос ва ватандӯст ба камол расид. Вале дар баробари ин, ҷомеа имрӯз аз мову шумо фаъолияти боз ҳам бештару масъулона ва дигаргуниҳои куллиро талаб менамояд. Ҳалли ин масъалаҳо ба сатҳи масъулиятшиносӣ, савияи донишу касбияти баланд, нангу номус, ҳисси миллӣ, иродаву виҷдон ва эҳсоси ватандӯстии олимону омӯзгорон, аҳли зиё иртиботи мустақим дорад. Аз ин рў, барои ҳамқадами замон будан зарур аст, ки масъулият ва сатҳи касбияти омӯзгориамонро баланд бардорем.

Воқеан, меҳнату заҳмати омӯзгорон аст, ки имрӯз ҳар яке хондану навиштанро баладему бо ифтихору сарфарозӣ равонаи роҳе ҳастем. Талошу кӯшиши онҳост, ки имрӯз касбу ҳунарҳои гуногунро омӯхтаву дар ҷодаҳои хеш комёбу муваффақем. Фаъолияти содиқонаву софдилонаи онҳост, ки имрӯз аз беҳтарин неъмат- дониш бархӯрдорему роҳи хубу орӣ аз ҳама гуна амалҳои зиштро аз роҳи нохуб фарқ месозем. Фидокории онҳо дар роҳи таълиму тарбия аст, ки имрӯз аҳли башар соҳибдониш асту дар ҳар кору пайкоре аз донишу хиради солим истифода мебаранд. Муҳаббати илмомӯзии онҳост, ки имрӯз дар қалби ҳар яки мо меҳри дониш ва илму маърифат ҷойгир асту бо самимият пайи илмомӯзием. Ва дар ниҳоят онҳоянд, ки бо гуфтору рафтор ва кирдори баланди инсонӣ барои ҳар яки мо намунаанд.

Одамӣ ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. Вазифаи ӯ аст, ки бояд аз гаҳвора то гӯр илм биёмӯзад. Ва он чӣ омӯхтаасту андӯхтааст, бар дигарон биёмӯзаду бибахшад.

Сарзамине, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ обод нахоҳад гардид ва ҳам танҳо бехирадон метавонанд умед бибанданд, ки он ба ногоҳ рӯзе сарсабз хоҳад шуд, дар ҳоле ки ҳеҷ борони лутф бар он намерезад ва абр аз ӯ ба ҳазор фарсах мегурезад.

Чи бадбахт аст мардуми диёре, ки омӯзгорашро намешиносад ва ӯро гиромӣ намедорад. Мусаллам аст, ҷомеае, ки сипосу сипосгузориро фаромӯш кардаву намедонад, ҳеҷ гоҳ рушд намеёбад ва ба саодату баракат рӯ ба рӯ намегардад. Ва ба мардуме, ки бар рӯи омӯзгор меситезад, дӯзах ҳам танаффур менамояд ва бар он лаънат мехонад.

Бе шак Саъдии бузург дуруст фармудааст, ки ҳаққи устод, омӯзгор муаллим аз ҳаққи падар бештар асту аз он пештар, зеро агар падар моро аз ҳаёт баҳра диҳаду моро аз ҷиҳати моддӣ таъмин намояд, пас омӯзгор моро аз наҷот баҳра медиҳад. Аз наҷот баҳра додани омӯзгор ба он маъност, ки он бо хирад ва донишу заковати хеш моро ба роҳи рост ҳидоят намуда, аз мушкилиҳои ҳаёту зиндагӣ моро наҷот медиҳад.

Омӯзгор ба шогирд чун манбаъи ҳамаи хушбахтиҳо, комёбиҳо, муваффақиятҳо ва сарфарозиҳо буда, ба зиндагии шоиста ноил шудани он нақши аввалиндараҷа мегузорад. Натиҷаи кори омӯзгор ба зиндагӣ нуру сафо бахшида, касро ба зиндагӣ дилгарм мекунад.

Бешубҳа, агар аксари донишмандон ва мутафаккирони олам мактабро барои халқ аз ҳама муҳим шинохта бошанд, пас муаллим дар ҳаёти маънавии халқу давлат ҷойгоҳи сониро ба худ ихтисос медиҳад, ки ҳақ аст. Сарлашкар Искандари Мақдунӣ бесабаб намегӯяд, ки «ман дар назди устодам камтар аз падарам вазифадор нестам, зеро агар падар ба ман ҳаёт бахшида бошад, Арасту зиндагии хуби маро фароҳам сохт».

Ба ақидаи Рӯдакӣ ҳама чизи зарурро инсон маҳз аз ҳаёт меомўзад. Он чизе, ки шахс аз ҳаёт наомўхтааст, ба ў ягон муаллим омўзонида наметавонад.

Муродова Ҳиҷрона Қаҳоровна

омӯзгори кафедраи забони англисӣ-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.