ТАШАББУСҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ҶАМЪИЯТИ ИНСОНӢ ВА ТАЪСИРИ ОНҲО БА РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

0 5

Ҷаҳони муосир бо масъалаҳои мураккаб ва мушкилоти глобалӣ чун тағйирёбии иқлим, норасоии об, фақр, муноқишаҳо ва паҳншавии идеологияҳои ифротӣ рӯбарӯ аст. Дар чунин шароит, нақши раҳбарони сиёсии дорои диди умумибашарӣ ва афкори стратегӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонӣ назаррас аст. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз шахсиятҳое мебошад, ки бо ташаббусҳои созанда ва башардӯстонаи худ дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта ва пазируфта шудааст. Ин ташаббусҳо бештар ба масъалаҳои ҳаётан муҳими глобалӣ, бахусус ҳифзи захираҳои об, муҳити зист, суботи сиёсӣ ва ҳамкорӣ барои рушди устувор равона гардидаанд.

ТАШАББУСҲО ДАР СОҲАИ ЗАХИРАҲОИ ОБ

Яке аз самтҳои асосӣ ва назарраси ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи об мебошад. Тоҷикистон дорои 60% захираҳои оби Осиёи Марказӣ буда, бо ин имконият ва масъулияти табиӣ, дар маркази ҳалли масъалаҳои обии минтақа қарор дорад. Сарвари давлат ин масъаларо аз доираи миллӣ берун оварда, ба сатҳи байналмилалӣ бароварданд.

Масъалаи дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ такони муҳимме барои баҳамоии доираҳои гуногуни ҷомеа дар ҳалли мушкилоти об гардид. Бо пешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори Маҷмааи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза” эълон гардид. Ин аввалин ташаббуси сатҳи ҷаҳонӣ буд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи дастрасӣ ба оби тоза равона сохт.

Ташаббуси дуюм ва аз нигоҳи натиҷавӣ муҳимтар, ки ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ба масъалаи истифодаи устувори захираҳои об равона гардида буд, ин даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005 -2015” ба ҳисоб мерафт. Дар ин даҳсола даҳҳо чорабиниҳои байналмилалӣ баргузор гардиданд ва ҳамкориҳои байнидавлатӣ тақвият ёфтанд.

Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об 2013 аз дигар пешниҳоди Президенти кишвар мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ин ташаббус ба рушди дипломатияи об ва муколама байни кишварҳо дар масъалаи идораи муштараки обҳо такони нав бахшид.

Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 — 2028”: Ин ташаббус ба рушди устувори инсоният, тавсеаи инфрасохтори об, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи об равона гардидааст. Конфронси соли 2023 оид ба об дар Ню-Йорк, ки бо ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ва Ҳолланд баргузор гардид, яке аз муҳимтарин чорабиниҳои байналмилалӣ дар масъалаи об дар даҳсолаҳои охир ба ҳисоб меравад.

Воқеан, қарорҳои Созмони Милали Муттаҳидро дар заминаи ибтикорот ва пешниҳодоти Тоҷикистон ва бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудаанд, дар раванди ҳалли мушкилоти марбут ба об муҳим мебошанд.

Аз ҷумла, ташаббусҳои гирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти об боиси шинохт ва эҳтироми бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати кишвари мо гардид. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар соҳаи захираҳои об имрӯз бо бисёре аз кишварҳо ва ташкилотҳои бонуфуз, аз ҷумла СММ, ЮНЕСКО, Бонки ҷаҳонӣ, ЮНИСЕФ ва дигарон робитаи зич барқарор намудааст. Ин ҳамкориҳо на танҳо ба беҳбуди муҳити зист ва инфрасохтор дар кишвар мусоидат мекунанд, балки барои ҷалби сармоя ва эътимоди байналмилалӣ низ замина фароҳам меоранд.

МУБОРИЗА БО ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

Тағйирёбии иқлим яке аз чолишҳои ҷиддии асри XXI мебошад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор, ки зиёда аз 14 ҳазор пиряхро дар худ ҷой додааст, шадидтарин таъсири гармшавии глобалиро эҳсос мекунад. Обшавии пиряхҳо, коҳиши манбаъҳои об ва офатҳои табиӣ кишварро ба хатар рӯбарӯ сохтааст.

Зимнан, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 декабри соли 2022 қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, басо муҳим ва боиси ифтихори ҳар як ҳамватани мост. Тавассути ин Қатънома Созмони Милали Муттаҳид ҳам Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ҳам Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳоро эълон кард, ки он аз муҳимтарин дастоварди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ин айём аст. Ҳамчунин, соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ба нақша гирифта шуд, ки бозгӯ аз мавқеи хос ва пешсафии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ба шумор меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар форумҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конфронси Париж оид ба иқлим, Конфронси тағйирёбии иқлим (COP26 ва COP28), баромад намуда, зарурати ҳамкории глобалиро дар мубориза бо гармшавии иқлим таъкид менамоянд.

Баромадҳо ва ташаббусҳои пайваста дар созмонҳои байналмилалӣ бо таъкид ба ҳифзи манбаъҳои табиӣ Тоҷикистонро ба як ҳамкори фаъол дар мубориза бо тағйирёбии иқлим табдил дода, заминаи густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои аврупоӣ, созмонҳои экологӣ ва фонди байналмилалӣ гардидаанд.

НАТИҶАГИРӢ ВА АҲАМИЯТИ СТРАТЕГИИ ТАШАББУСҲО

Дар замони пуртазод ва мураккаби ҷаҳони муосир, нақши давлатҳое, ки на танҳо дар доираи манфиатҳои миллӣ, балки дар заминаи арзишҳои умумибашарӣ амал мекунанд, афзун мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳбарии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ин радиф дар тӯли ду даҳсолаи охир ҳамчун кишвари ташаббускор ва масъулиятшинос дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудааст.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, бахусус дар масъалаҳои об, иқлим, сулҳ ва рушди устувор, на танҳо шароити дохилии кишварро беҳтар намудаанд, балки имкон доданд, то муносибатҳои байналмилалӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва ташкилотҳои бонуфуз тавсеа ёбанд. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун “садои ҷомеаҳои кӯҳистонӣ”, “дипломати об” ва “ҷонибдори сулҳи пойдор” шинохта мешавад, ки ин худ як дастоварди бузурги сиёсати хориҷии кишба ба ҳисоб меравад.

ДАЪВАТ БА ҲАМБАСТАГӢ ВА ИДОМАИ ТАШАББУСҲО

Имрӯз, вақте ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сӯи марҳилаи нави рушди устувор ва мудирияти захираҳои табиӣ меравад, нақши ташаббусҳои Тоҷикистон беш аз пеш муҳим арзёбӣ мегардад. Бо назардошти ин, идома додани татбиқи даҳсолаи “Об барои рушди устувор”, дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷаҳонӣ, иштироки фаъол дар конфронсҳои иқлимӣ ва ташвиқи ҳамкориҳои сабз,

тақвияти ҳузур дар ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва СҲШ, пешниҳод ва татбиқи ташаббусҳои нав дар самти амнияти озуқаворӣ, коҳиши фақр ва ҳифзи манбаъҳои биологӣ метавонанд самтҳои стратегии минбаъдаи сиёсати хориҷии кишвар бошанд.

Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи равшани сиёсати башардӯстона, диди дурбинона ва масъулияти баланд дар баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд. Онҳо на танҳо боиси болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шудаанд, балки барои насли имрӯз ва оянда намунаи ибрат дар андешидани тадбирҳои созанда баҳри рушди устувори инсониятанд.

Бо итминон метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раҳбарии сиёсати ташаббускори худ дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва таҳкими як ҷаҳони осоишта саҳми арзанда дорад ва хоҳад дошт.

Ҳаитова Ҷамила.

Омӯзгори фанни равоншиносии МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.