ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН 0 3 Мубодила кардан Дар шароити рушди босуботу ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисони забондон хусусан забонҳои русӣ ва англисӣ меафзояд. Аз Паёми Пешвои миллат, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024с Яке аз вазифахои муҳими муассисаҳои таълимии кишвар, тарбия ва ба воя расонидани шахсиятҳои комил мебошад. Илми педагогика дар ҳар давру замон тарбияро дар мадди аввал гузошта, ҳадафи тарбияро ба камол расонидани инсони комил меҳисобад. Дар раванди тарбия ва таълим омилҳои зиёде нақш доранд, ки асоси онҳо омӯзгор аст. Бинобар ин дар назди омӯзгоре, ки худро дар ин раванд, масъулиятнок меҳисобад, вазифаи хеле пурифтихор меистад, ки ба шогирдон дари донишро бикушояд, илм омӯзонад ва ҳамчун шахсият онҳоро ба воя расонад. Шароити кунунии ҷомеа дар назди омӯзгор вазифаҳои хеле пурмасъулиятро гузоштааст. Омӯзгор имрӯз ба ҷомеа бояд шогирдонеро муаррифӣ намояд, ки онҳо дар пешрафту шукуфоии он бо донишу ахлоқи наку ва фарҳанги баланди инсонӣ саҳми сазовор гузошта тавонанд. Гуфтан бомаврид аст, ки дар асоси талаботҳои имрӯз, омӯзгор новобаста аз самти таълим, бояд дараҷаи баланди касбият, дониши мутобиқ ба талаботи ҷомеаи муосир дошта бошад. Чуноне, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон таъкид мекунад “Агар омӯзгор, имрӯз сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва ба ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем”. Бинобар ин зарур аст, ки омӯзгор пайваста дар омӯзиш, ҷуянда ва аз навгониҳои педагогикаи муосир огоҳи дошта бошад ва роҳи дурусти расонидани донишҳоро ба шогирдон дастрасӣ дошта бошад. Ҳаминро бояд қайд кард, ки толибилмӣ муассисаи таълимӣ шурӯъ аз зинаи таҳсилоти томактаби, то зинаи таҳсилоти Олӣ ҳамаи донишҳоро таввасути забони модарӣ аз худ мекунад, ҳатто илмӣ педагогика таъкид мекунад, ки зеҳният, таффакури шахс низ ба воситаи забон ташаккул меёбад. Дуруст аст, ки забони модарӣ дар ташаккул ва инкишофи шахсият нақши муҳим дорад. Дар ин маврид қайд шудааст, ки “Ҳар, ки бо забони худ сухандон гардад, донистани сад забон осон гардад”. Модоме, ки нақши забони модарӣ дар ташаккули шахсият муҳим аст, пас бояд таълиму омӯзиши он ҳам бояд дар пояи баланд қарор дошта бошад. Чунин андешае ҷой дорад, ки дар омӯзиши забони модарӣ устоди аввалин “Модар” маҳсуб меёбад. Агар чунин бошад, пас мавқеи оила дар забономӯзии насли наврасу ҷавон хеле воло арзёбӣ мешавад. Яъне забономӯзии кӯдак нахуст дар оила, баъдан дар муассисаҳои томактабӣ оғоз гардида, дар муассисаҳои таҳсилотии зинаи якум, дуюм ва макотиби олӣ инкишоф меёбад. Чуноне, ки илм собит месозад, дар насли наврасу ҷавон, омӯзиши забон авалан таввасути тарбия, баъдан таълим ҷараён мегирад. Бинобар ин моро зарур аст, ки дар мадди аввал дар кудакон меҳри забономӯзӣ, аҳамият ва моҳияти онро тарбия намуда, сипас бо роҳу усулҳои муосир ба онҳо забонро омӯзонем. Чуноне, ки роҳбари давлат, муҳтарам Эмомали Раҳмон таъкид месозанд. “Барои он, ки наврасону ҷавонони мо ба забонҳои хориҷӣ шавқу завқи омӯзиш пайдо кунанд, пеш аз ҳама онҳо бояд забони модарии хеш, забони тоҷикиро хуб донанд, ин забони муқаддасу аҷдодии моро эҳтиром ва поку беолоиш истифода баранд”. Оре, дуруст аст, ин нуқтаи иброз намудаи Пешвои Миллат. Мо бояд аз ин забони муқаддас ифтихор дошта бошем ва онро қадр намоем. Дар ҳақиқат ҳар фарде, ки худро намояндаи ин миллати куҳану соҳибфарҳанг медонад, пеш аз ҳама имруз забони модарии худро бояд дуст дошта бошад. Бояд тазакур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари соҳибистиқлол ва дунявӣ як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳони буда, равобитӣ сатҳи баланди кишвари мо бо аксар кишварҳои дунё сол аз сол бештар мегардад. Омода намудани мутахассисони забондон дар ривоҷу равнақи муносибатҳои баналмилалӣ ба душӣ муассисаҳои таълимии кишвар, дар ҳама зинаҳои таъсилот қарор дорад. Дар назди омӯзгорон вазифаи муҳим меистад, ки вазъи таълиму омӯзиши забонҳои хориҷиро дар баробари забони модарӣ хубтару беҳтар ба роҳ монанд. Бахусус, имрӯз чуноне, ки Пешвои миллат таъкид мекунанд. “Донистани забонҳои русӣ ва англисӣ тақозои замон буда, ин забонҳо воситаи муоширати байналмилалӣ мебошанд, инчунин фисадӣ асосии ахбори илмӣ тавассутӣ забонҳои русӣ ва англисӣ нашр мешаванд”. Дар шароити кунунӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ба хусус забонҳои русӣ ва англисӣ зеррӣ таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дошта, дар ин росто, Пешвои миллат зимни ҳар як суханронии хеш, вобаста ба ин масъалаи муҳим дастуру супоришҳои ҷадидро пешниҳод менамояд. Тадбирҳои давлату Ҳукумати кишвар бобати тақвият ва такмили забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимии ҳама зинаҳои таҳсилот аз ҷумлаи ин чораҷӯйиҳо мебошад. Қабули Барномаҳои давлатӣ такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар аҳамияти муҳим касб намуданд. Барномаҳои давлатии “Такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2010-2015, 2015-2020 ва солҳои 2021-2025 дар давраи то соли 2030” дар тақвияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ нақши муҳим дошта барои рушди ин самт аҳамияти хеле бузургро касб карданд. Акнун зарур аст, ки мутахасисони соҳаи забон, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ дар фаъолияти кории худ масъулияти бештар дарк намоянд ва дар омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ба толибилмон бештар талош кунанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз масъулини соҳа дар омода кардани мутахассисони соҳибкасб, ба хусус соҳаи забонҳо боз ҳам ҷиддитар таваҷҷуҳ кунанд. Чунки омӯзиши бомуваффақи шогирдон пеш аз ҳама ба мутахассисони соҳибкасб, дорои малака ва маҳорати баланди касби дошта вобастагӣ дорад. Аз ин хотир, вобаста ба талаботи замон, рушди бемайлони муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Хулосаи ин андешаҳо дар он аст, ки омӯзиши ҳар як забони хориҷӣ дар пояи забони модарӣ рушд меёбад. Яъне, агар толибилм забони модарии хешро хуб ва дар сатҳи баланд донад, вай дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ муваффақу комёб мегардад. Мо бавор дорем, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои роҳбари давлат, меҳру муҳаббати ҳар яки мо ба забони модарӣ, забони таърихӣ, забони аҷдодӣ, забони тамаддуну фарҳангӣ миллати куҳанбунёди тоҷик боло рафта шавқу таваҷҷуҳ мо ба забонҳои хориҷӣ афзоиш меёбад. Лоҷварбии Амирзод. Омӯзгори кафедраи «Фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ»- и МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А.” 0 3 Мубодила кардан