НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БО ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

0 4

Экстремизм ва терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.

                                                    Эмомалӣ Раҳмон

Тайи солҳои охир, экстремизм ва терроризм чун руйдодҳои хавфноку мушкилэҷодкунандаи замони муосир ба ҷомеаи инсонӣ дар баробари фишору ҳамлаҳои психологӣ, инчунин ҳисороти моддию маънавиро дар пай дошта, хушунат, нобоварию бадбиниро миёни кишварҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоию миллӣ тавлид менамояд.

Тайи солҳои охир ин омилҳои номатлуб, чун проблемаи ҷиддӣ дар ҷаҳони муосир доман паҳн карда, сол то сол муташакилонаю бераҳм гардида, дар амалисозии нақшаҳо ҳатто аз техникаю технологияи муосир истифода мебаранд.

Кишварҳои ҷаҳон ҷиддӣ будани ин хатарҳоро дарк карда, бар зидди ин амалҳои номатлубу нигароникунанда қонунҳо қабул мекунанд ва ягон мулоқоти сарони кишварҳои ҷаҳон бе муҳокимаи ин мушкилот намегузарад. Аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт истисно нест ва ҳар сокини кишвар мо ин падидаҳои номатлуби ҷомеаро, бо ҳар шакле, ки зуҳур мекунад ҳамаҷониба маҳкум месозанд.

Ҳаминро бояд гуфт, ки хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ; экстремизм ва терроризм, имрӯз ҳеҷ як фарди солимақли ҷомеаро бетараф гузошта наметавонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо ба яке аз кишварҳои пешсаф дар самти мубориза ба экстремизм ва терроризм мебошад.

Махсусан дар ин самт, нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зикр бояд кард.

Пешвои миллат, зимни ҳар як суханронӣ оид ба масъалаҳои муқовимат бо экстремизм ба терроризм, дидгоҳи назар ва афкорӣ андешаҳои аз лиҳози илмию амалӣ асосноки хешро баён месозанд ва баҳри таъмини амнияти давлату ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, дастурҳои мушаххас медиҳанд.

Мусалам аст, ки дар ҷаҳони муосир зуҳуроти номатлуби зишти экстремизм ва терроризм ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, сулҳу субот, амният ва рушди устувори давлатҳо таҳдид намуда, хавфу хатари ҷиддиро ба мустақилӣ ва асосҳои сохтори конститутсионии кишварҳои мухталиф ба вуҷуд овардааст.

Яке аз мушкилоти ҷиддие, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои алоҳидаро нигарон кардааст, ин аст, ки дар шароити имрӯза ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ бештар ноболиғону ҷавонон ҷалб мешавад.

Воқеан, онҳо табақаҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, ки бештар тавассутӣ таблиғоти шабакаҳои иҷтимоӣ, паҳн шудани сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористи шомил мешаванд.

Вобаста ба ин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём аз 23.04.2014с таъкид карда буданд, ки “Имрӯз шабакаҳои иттилоотиву комуникатсионӣ аз ҷумла интернет, аз ҷониба ашхоси ҷиноятпеша, бо мақсади паҳн кардани ақидаҳои ифротию тундгароӣ, ба хусус дар байни ноболиғон ва ҷавонон ба таври васеъ истифода мешавад”.

Бинобар ин моро зарур аст, ки бо истифода аз ҳама имкониятҳо муқобили ин омилҳои хатарэҷодкунанда, муқовимат кунем.

Пешвои миллат, ҳамеша таъкид месозанд, ки мақомотҳои давлатӣ, ҳар як фарди ҷомеа, дар баробари пешгири аз омилҳои номатлуби ҷомеа, инчунин чорабиниҳои хусусияти тарбиявӣ доштаро ҷоннок гардонанд, то ин, ки ноболиғон ва ҷавонони ба доми фиреб афтида ва роҳгумзада хатои худро ислоҳ намуда, ба ҳаёти осуда баргарданд.

Пешвои миллат зимни суханрони дар Паёми навбати аз 20.01.2016с вобаста ба густариши экстремизм ва терроризм сухан карда, аз ҷумла, қайд карданд, ки “Имрӯз экстремизм ва терроризм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ҳастаиро ба миён овардааст”.

Роҳбари давлат ҷиҳати пурзур кардани мубориза бо экстремизм ва терроризм, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, андешидани тадбирҳои иловагӣ дар ин самт ба масъулин дастурҳои мушаххас доданд. Бахусус, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.11.2016с оид ба қабули “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва тероризм барои солҳои 2016-2020” ба тавсиб расид, ки боз як қадами устувор дар самти мубориза ба экстремизм ва терроризм буд.

Дар заминаи Паёмҳои Пешвои миллат аз солҳои 2018 ва 2019 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо экстремизм” январи 2020 ва “Дар бораи мубориза бо терроризм” декабри соли 2021 қабул шудаанд, ки аз ҷумлаи тадбирҳое мебошад, ки тибқи дастурҳои Президенти кишвар амалӣ шудаанд

Дар ин самт чорабиниҳо тақвият ёфта, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.2021 “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 қабул гардид, ки муқовимат бо омилҳои номатлуби ҷомеаро тақвият бахшид.

Ҳаминро бояд зикр кард, ки тибқи андешаҳои дар боло зикр гардида чанд омилҳое ҳастанд, ки боиси ба гуруҳҳои экстремистию террористӣ ва дигар гурӯҳҳо ҷиноятпеша шомил шудани наврасону ҷавонон мебошанд.

— Аввалан сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ

— Кофи набудани илму маърифат ва донишҳои соҳавӣ

— Бекорӣ ва носолимии вазъи оилавӣ

Дар ҳақиқат ин омилҳо алалхусус бекорӣ ва шуғли асосии надоштани ҷавонон сабаби даст задани онҳо ба ҷиноят мешавад.

Дар ин росто роҳбари давлат ҳамеша зимни андешарониҳо бахусус ироаи паёмҳо, бо мақсади ба шуғл фаро гирифтани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон ба масъулин дастуру супоришҳои қатъи медиҳанд.

Бинобар ин Периденти кишвар дар Паёми соли 2024 таъкид намуданд, ки “Бо шуғли пурмасъул таъмин намудани аҳолӣ, ҳамчун ҳадафи стратегӣ бояд зеррӣ таваҷҷуҳи ҳама сохторҳои давлатӣ қарор дода шавад”.

Пас будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дигар сабаби шомилшавӣ, ба хусус ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша мебошад.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҳама қишрҳои ҷомеа, бо фармони Президенти мамлакат, соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд.

Пешвои миллат дар Паёми соли 2024 таъкид карданд, ки яке аз сабабҳои асосии ба гурӯҳҳои ифротию терористӣ ҷалб шудани ҷавонон, бархурдор набудани онҳо аз илму маърифат аст.

Сарвари давлат зимни ироаи Паёмҳо, хосатан аз ҷавонони кишвар даъват ба амал меорад, ки онҳо ватандӯст, худогоҳу худшинос ва аз илму маърифат бархурдор бошанд. Аз ҷумла дар Паёми соли 2024 Пешвои миллат иброз намуданд, ки “Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба мактабу маориф аст. Яъне тарбияи нодурусти фарзанд боиси бадбахтии падару модар, давлату миллат мегардад”.

Хулоса аз ин андешаҳое, ки баён карда шуд, нақши созгори Пешвои муаззами миллатро дар самти муқовимат бо омилҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили экстремизм ва тероризм дар сатҳи хеле олӣ арзёбӣ мекунад.

Моро зарур аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ҳар лаҳза дар ҳифзи амнияту субот, истиқлоли давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар муқобили ҳамагуна зуҳуроти номатлуб устувору қавъӣ бошем.

Карим Абдураҳмонов.

Омӯзгори кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.