ҲАМОИШИ ТАЪЛИМӢ ДОИР БА МАВЗӮИ “ҶОҒАРИ ЭНДЕМИКӢ” 0 3 Мубодила кардан Санаи 13 марти соли 2025 дар МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории ҷоғари эндемикӣ» баргузор гардид. Конференсия аз тарафи омӯзгори кафедраи «Тибби оилавӣ» ташкил карда шуд. Дар он зиёда аз ҳафт маърӯзаҳо доир ба масъалаҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории ҷоғари эндемикӣ аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯёни курси 4-уми факултети кори табобатӣ пешниҳод гардиданд. Дар кори конференсия ҳамчунин табиби эндокринолог Ҳамидов К. иштирок намуда оиди вазъи гирифторони ин беморӣ дар минтақаи Кӯлоб ва чораҳои зарурӣ барои пешгирии он маърӯза намуд. Мудири кафедраи тибби оилавӣ Бозорова С. Пеш 1 то 8 саҳифа Баъдӣ 0 3 Мубодила кардан