ОЗМУНИ МОМОДОЯИ БЕҲТАРИН 0 3 Мубодила кардан Санаи 14 марти соли ҷорӣ МДТ “Колеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” озмуни “Момодояи беҳтарин” аз тарафи кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ бо иштироки донишҷуёни курси 3 юми ихтисоси кори момодоягӣ ташкилу баргузор гардид. Мақсади баргузории озмун аз баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии донишҷӯён оид ба масъалаҳои солимии репродуктивӣ, шиносоӣ бо сохтори хадамоти ҳифзи модар ва кудаки муассисаҳои КАТС, назорати антенаталии ҳомиладорон, муоинаи зани ҳомиладор, масъалаҳои беҳдошт ва ғизои солими занҳои ҳомила, пешгирии оризаҳои ҳомиладорӣ ва таваллуд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Донишҷӯён дар озмун ба ду гурӯҳи баробар тақсим шуда, оид ба масъалаҳои номбурда ва иҷроиши малакаҳои амалӣ қувваозмоӣ намуданд. Ҳар ду гурӯҳ дар озмун сатҳи баланди дониши назариявӣ ва амалӣ нишон доданд. Фаъолони озмун дар охир бо сипосномаҳои роҳбарияти муассиса сарфароз гардонида шуданд. Мудири кафедра Шарифова Д. Пеш 1 то 6 саҳифа Баъдӣ 0 3 Мубодила кардан