БАҚОИ ВАҲДАТ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ 0 0 Мубодила кардан Зери ин унвон дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ Конференсияи илмӣ-сиёсӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти коллеҷ, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Чорабиниро муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қурбон оғоз намуда, ҳозиринро бахшида ба ин санаи тақдирсози миллат табрик намуданд. Сипас, қайд доштанд, ки: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қайд намудаанд, ки зуҳури падидаи ваҳдати миллӣ аслан марбут ба ташаккули давлати миллист, зеро маҳз дар доираи давлати миллӣзарурати ба даст овардани эҳсоси умумияти ягонаи сиёсии мардум боло меравад. Дар Конференсия омӯзгорони кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» бо маърӯзаҳои илмии хуб вобаста ба ин санаи тақдирсоз баромад намуда, қайд доштанд, ки: Дар ҳақиқат, бузургтарин дастоварди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати сулҳофарӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Рафиев Неъматулло ва Қушоқов Саъдулло — омӯзгорони кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» Пеш 1 то 6 саҳифа Баъдӣ 0 0 Мубодила кардан