Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат ба «Шоҳнома» ҳамчун сарчашмаи таърихӣ ва сиёсӣ менигаранд, ки нақши созанда дар ҳувияти миллӣ дорад.
Пешвои миллат таъкид мекунад, ки «Шоҳнома» барои миллати тоҷик рамзи ваҳдату иттиҳод мебошад. Қаҳрамонони асар Рустам, Суҳроб, Сиёвуш ва дигарон намунаи ҷасорат, адолат ва вафодорӣ мебошанд. Маҳз тавассути чунин симоҳои ҳамосавӣ насли ҷавон метавонад аз таърихи гузашта сабақ бигирад ва дар роҳи ватандорӣ устувор гардад.
Дар суханрониҳои расмӣ Пешвои миллат борҳо изҳор намуданд, ки «Шоҳнома» сарчашмаи тарбияи маънавии ҷомеа аст ва ҳар як ҷавон бояд онро омӯзад, зеро он мисли оинаи воқеияти таърихӣ ва ахлоқӣ хизмат мекунад.
Соли ҷорӣ аҳолии мамлакатамон туҳфаи боарзиши Пешвои миллатамонро хушнудона ва бо як эҳсоси ватандӯстона қабул карда, дар ҳаққи Президенти хирадманду миллатдӯсти тоҷик суханҳои нек гуфтанд. Бо гирифтани туҳфаи Пешвои миллат ва мутолиаи он ҳар як сокини мамлакат аз таърихи гузаштаи ниёгон огоҳ мегардад.
Мо, омӯзгорон ва насли калонсол кӯшиш менамоем ба фарзандону шогирдонамон талқин намоем , то ин китобро хонанд ва аз таъриху фарҳанги гузаштаамон бохабар гарданд. Дар замири онҳо ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва худогоҳии миллиро тарбия менамоем, ки ин дар баланд бардоштани маърифату фарҳанги онҳо мусоидат мекунад.
Хушбахтона, ман низ аз ин туҳфаи арзишманд, яъне «Шоҳнома» бенасиб намондам ва миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор менамоям.