Сарвари давлат бо як боварӣ ва самимият мардумро бовар кунонид, ки «Ба шумо сулҳ меорам». Боз ҳам садои гирои ин абармард буд, ки дар он шабу рӯз баланд садо медод. «Мо якдигарро мебахшем. Мо миллатамонро соҳибӣ мекунем. Ватанамонро обод мекунем. Бахшидани гуноҳи якдигар бисёр душвор аст, фақат ҷавонмард метавонад гуноҳи якдигарро бубахшад».
Бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Радиои Тоҷикистон барномаи «Хоки Ватан» таҳия шуд ва ҳарфи нафарони дар ду соҳили дарёи Омӯ ҷудошударо ба ҳам мерасонд. Ба мардум ва рӯҳияи онҳо боз ҳам суханони қотеонаи Эмомалӣ Раҳмон муассир буд. «То охирин гуреза ба Ватан барнагардад, худро ором ҳис намекунам».
Ин ҳарфҳо бетаъсир намемонданд, аммо барои одамон самимияти бештар зарур буд, ки он ҳам боз аз забони сиёсатмадори ҷавону хирадпеша, Эмомалӣ Раҳмон садо дод:
«Бародарону хоҳарони дур аз Ватан, ба Ватан баргардед. Мо ба Шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем, аммо аз як бурда ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем. Шуморо хонаатон, заминатон, боғатон, мактаббатон ва хешовандону наздиконатон интизор аст».
Чун мардум ташнаи сулҳ буданд ва дар симои роҳбари нави Тоҷикистон ҳомии худро медиданд, ҳар чӣ зудтар мехостанд ба хонаҳои худ баргарданд. Аммо мухолифин, ки ин мардумро бо фиребу найранг ба Афғонистон бурда буданд, дар амалӣ шудани он садд мегузоштанд. Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо ниятҳои неку сулҳпарварона дошт. Барои ҳамин аз 5-уми апрели соли 1994 бо роҳбарони мухолифин музокираи расмиро оғоз намуда, 17-19-уми майи соли 1995 сарфи назар аз вазъи душвори дохилии Афғонистон ба хотири аввалин вохӯрӣ ба роҳбарони мухолифин ба он мамлакат роҳ гирифтанд. Ба кишваре, ки дар ҳолати ҷанг қарор дошт. Тоҷикистон низ он замон ноором буд. Бо назардошти масъалаҳои таъмини амният ба Роҳбари давлат маслиҳат намедоданд, ки озими он шаҳр шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ташнаи сулҳ буд, аз раъйи худ барнамегашт ва чунин посух дод. «Ҷони худамро қурбон мекунаму аз роҳ барнамегардам».
Дар ин сафар бархе аз аъзои Ҳукумат ҷуръати як сиёсатмадорро дида бошанд, қисми дигар самимияти роҳбареро пай бурданд, ки барои мардумаш некӣ мехоҳад ва баҳри ин некӣ аз чизе тарс надорад.
Расидан ба Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу суботи комил дар кишвар ба осонӣ муяссар нагардидааст ва вожаҳои сулҳ, ризоият ва ваҳдати миллӣ низ мафҳумҳои оддӣ набуда, дар онҳо дастовардҳои муҳим, василаи некӯаҳволии мардум, таҳкурсии рушди устувор ва пешрафти кишвар нуҳуфтаанд, дар масири наҷоти мардум аз фаношавӣ ва ҳифзи тамомияти арзии давлат нақши созгору муассир бозидаанд.
Дар натиҷа бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанг хомӯш гардида, барои бақои миллат майсаҳои умедҳо аз нав сабз гаштанд. Инак, аз рӯзи ба имзо расидани ин санади муҳим 28 сол сипарӣ шуд ва мардуми тоҷик ин рӯзро, яъне Рӯзи ваҳдати миллиро ҳамчун санаи муқаддаси миллӣ ҳар сол дар Ватани ободу озод ҷашн мегиранд.
Имрӯз кишвари азизамон бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат рӯз то рӯз ободу зебо ва рӯзгори мардум беҳтар гардида, баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвари маҳбубамон корҳои бунёдкориву созандагӣ бо маром ҷараён дорад.