ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИСТИҚБОЛ ГИРИФТА ШУД 0 2 Мубодила кардан Имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Чорабинӣ бо роҳпаймоии идонаи кормандони муассисаҳои шаҳр, идораҳои давлатӣ ва сокинони фаъол оғоз ёфта, фазои идонаи шаҳрро ҳусни тоза бахшид. Дар роҳпаймоӣ ҳайати сершумори МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» низ иштироки фаъолона намуданд. Донишҷӯён ва устодон бо ифтихор Парчами давлатии кишварро барафрохта, баёни эҳтиром ва садоқати худро нисбат ба арзишҳои миллию давлатӣ таҷассум карданд. Пеш 1 то 7 саҳифа Баъдӣ 0 2 Мубодила кардан