ДАРСИ КУШОД ДАР КАФЕДРАИ «ТИББИ ОИЛАВӢ» 0 0 Мубодила кардан Дар санаи 20.10.2025 аз тарафи омӯзгори кафедраи «Тибби оилавӣ» Сафаралиева С. дар гуруҳи 411-факултети «Кори табобатӣ» аз фанни «Асосҳои кори ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ » дар мавзӯи «Парастории ҳамширагӣ ва пешгирии бемориҳо» дарси кушоду намунавӣ гузаронида шуд, ки яке аз мавзӯҳои калиди ба ҳисоб меравад. Мақсади дарс ба донишҷӯён маълумоти пурра додан ва пешгирии бемориҳо ва раванди ҳамширагӣ дар соҳаи тандурустӣ аз ҷумла байни кормандони миёнаи тиб буд. Дар дарси мазкур сардори шуъбаи таълим, сардори шуъбаи илмӣ-методӣ ва омӯзгорони кафедраи кафедраи «Тибби оилавӣ» иштирок намуданд. Пешвои миллат доимо таъкид менамояд ки солимии ҷомеа дар дасти худи шахс ва кормандони тиб мебошад. Аз ин рӯ омӯзгор мавзӯеро интихоб намуд, ки аз сидқи дил корманди тиб дар самти худ бояд хизмат намоянд ва ҳеҷгоҳ ба хатогӣ роҳ надиҳад ва ҳангоми пегирии бемориҳо сари вақт ба духтури оилавӣ хабар диҳад. Дар рафти машғулият аз усулҳои фаоли таълим ба монанди ҳӯҷуми мағзи сари ва диаграмма вена истифода шуд. Донишҷӯён хеле кунҷкобона ба омӯзгорашон суолу ҷавоб мекарданд. Сафаралиева Саодат мудири кафедраи “Тибби оилавӣ”-и МДТ “Коллеҷи тибби шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Пеш 1 то 6 саҳифа Баъдӣ 0 0 Мубодила кардан