КИТОБ- ЧАРОҒИ АҚЛ ВА РӮШНОИИ ДИЛ

0 7

Тоҷиконро аз  қадиммулайём ҳамчун миллати соҳибтамаддуну бомаърифат ва бофарҳанг мешиносанд. Китоб аз қадимулайём  барои мардуми тоҷик ҳамеша муқаддас буд ва ҳаст. Китоб манбаи дониш ва чароғи ақл, рӯшноии дил ва калиди дари ҳама кор бар оламу одам аст. Бе китоб дунёи мо тира ва ҷаҳон хира аст.

                  Бе китоб, эй дӯст, бунёди мо норавшан аст,

                  Тираву торик ҳамчу хонаи беравзан аст.

        Классикони адабиёти форсу тоҷик, намояндагони адабиёти  муосир дар бораи муқаддас будани китоб ҳамеша ва дар ҳама  ҳолат рӯ ба китоб оварданро талқин менамоянд. Дар ин бора шеъру асарҳои зиёде низ офаридаанд. Шоир, мутафаккир, файласуфи асри  xv  Мавлоно Абдураҳмони  Ҷомӣ дар  бораи қадру  қимат ва  манзалати китоб чунин мегӯяд:

       Хуштар  зи  китоб дар  ҷаҳон ёре  нест,

       Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

       Ҳар лаҳза ба ӯ  ба  гӯшаи  танҳоӣ,

       Сад  роҳате ҳасту  ҳаргиз  озоре нест.

        Албатта,  шахси китобхон  босавод  аст  ва   аз  шахси  бесавод  ба  куллӣ  фарқ  мекунад. Хонандае, ки  китоб   мехонад,  қобилияти  суханронӣ,  фикрронӣ  ва  ҷаҳонбинии  васеъ  дорад. Китоб  манбаи  дониш, он  сарчашмаи  асосии  пайдоиши  илму  маданият  аст.  Ин  ганҷинаи  пурҳикмату  ноёбро  чун  гавҳараки  чашм  ҳифз  бояд  намуд. Китоб  роҳнамоест,  ки  ҳаёти  маънавии  инсонро  дигаргун  месозад.  Китоб  ба  инсон  таъсир  мерасонад  ва  шахс  ҳангоми  гуфтор  ба  ҳусну  малоҳат,  латофат,  зебоӣ,  мавзунию  салосат  ва  бадеият  сухан  меронад.

       Китоб як рукни тамаддуни  башарӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии инсон аст. Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон зикр намудаанд: «Шахсе, ки ба китоб дил мебандад, ҳаргиз намехоҳад аз китоб дур бошад, хастагиро аз худ мебарорад, на танҳо дониш, балки вақти худро бо хушнудӣ мегузаронад».

          Маърифати шахс аз китоб оғоз мегардад. Ин ганҷинаи донишро ба ҳар қимате бихарем, арзон аст. Китоб шахсро ғизои маънавӣ мебахшад, Китоб худ дӯсти беҳтарини инсон аст.

         Ба  ҷуз  китоб  олами  ботинии  моро  чизи  дигаре   равшан  карда  наметавонад.Маҳз  китоб  инсонро  бомаърифату  бозаковат  ва   сатҳи  саводнокии  моро   баланд  мебардорад.  Бинобар  ин,  китобро  дӯсти  содиқу  беминнат  мегӯянд.  Боз  ҳам  мутафаккири  бузург  Абдураҳмони  Ҷомӣ   мефармояд.

           Аниси  кунҷи   танҳоӣ,   китоб  аст,

          Фурӯғи  субҳи  доноӣ,  китоб  аст.

          Бувад  бе  музду  миннат  устоде,

          Ба  дониш  оварад  ҳар  дам  кушодӣ.

          Гузаштагони  мо қадру  қимати  китобро аз ҳар  чӣ  боло  мегузоштанд.  Ба  ёд  меорем, лаҳзае, ки шоҳ Наср бинни Аҳмади Сомонӣ  бемор мешавад. Шайхурраис  Абӯалӣ  ибни  Сино ӯро табобат мекунад. Баъд  аз  табобати  подшоҳ,  ӯ  иҷозати  ба  китобхонаи  дарбор  роҳ  ёфтанро  мекунад,  ҳарчанд  ба   ӯ тангаву  тилло  ва  чизҳои  қиматбаҳо  пешкаш  мекунанд, лекин Сино рад карда,танҳо китобхонаро интихоб мекунад.

  Дар   ҳақиқат,  дар  ҳаёти   инсон   мавқеъ ва  таъсири  китоб  бағоят  бузург  аст.  Мутолиаи  китоб  дар  дили  ҳар  яки  мо  ифтихори   некихоҳона,  шаъну  шарафи  инсониро  бедор  мекунад. Китоб яке  аз  неъматҳои  бузурге  аст,  ки  инсон  метавонад,  бо  восита аз  он  ниҳоли  ақлро  сабзонида, самараовар  намояд.

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба китоб ва китобхонӣ рӯ овардан озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро таъсис доданд. Соли шашум  аст, ки ин Озмун дар Ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Албатта  ин, аз иқдоми хирадмандонаи Пешвои миллатамон гувоҳӣ медиҳад.

       Бе  китоб  ояндаи  мо  тираву  тор,  яъне  норавшан  аст,  бинобар  ин  ҷавононро таъкид  менамоям, рӯ ба  ҷониби  китоб  оваранд,  онро  ҳифз  намоянд.

        Ин ганҷинаи донишро ба ҳар қимате бихарем, арзон аст. Китоб шахсро ғизои маънавӣ мебахшад, китоб дӯсти беҳтарини инсон аст. ақли солими ҳар як инсон аз китоб маншаъ мегирад.

Ҳасанова Маҳтовбӣ мудири китобхонаи МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.