“Имрӯз нақш ва мақоми китоб ҳамчун манъбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисоду маънавиёт ва маорифу фарҳанги ҳалқамон беш аз беш меафзояд”
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон мебошад.
Сол то сол таваҷуҳи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хусус Пешвои маърифатпарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар гардида, дар ин самт тадбирҳои зиёд роҳандози карда мешаванд.
Раванди таърихи худи шаҳодат медиҳанд, ки ҳар давлатеро, ки миллаташ сатҳи баланди маърифатро дастрасӣ дорад, ин давлат ва ин миллат ҳамеша комёб аст. Дар ин кишвар ҳаёти сиёсӣ иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ бо тадриҷ боло мераванд.
Дар солҳои пасошуъравӣ аҳли ҷомеа ба хусус хонандагону донишҷӯён аз мутолиа дур монда, ба китобу китобхони хеле кам таваҷҷуҳ доштанд. Ин мушкилот аҳли ҷомеа, хусусан зиёиёну равшанфикронро ба ташвиш оварда буд. Дар ҳақиқат ин яке аз маъалаҳои муҳим ва дар марҳилаи нав барои ҷомеа хеле зарур буд. Чунки маҳз тавассути мутолиа, рӯй овардан ба китоб, инсон хештаншиносу соҳиб маърифат гардида, дар зиндагӣ сайъ мекунад, ки аз пайи корҳои нек бошад ва дар ободии ҷомеа нақш гузорад.
Оре, мутолиа инсонро ба роҳи рост ҳидоят карда, ӯро аз корҳои бад ва амалҳои номатлуб ҳифз мекунад.
Хушбахтона бо шарофати соҳибистиқлолӣ, сиёсати хирадмандонаю маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат, ба масъалаи мазкур аз нигоҳи ҷадид муносибат карда мешавад.