РӮЗҲОИ ДАРҲОИ КУШОДА ДАР КОЛЛЕҶ. ЧАРО МОРО ИНТИХОБ МЕНАМОЯНД?

0 2

Дар доираи нақшаи кории комиссияи қабули МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” бо мақсади ҷалби довталабон барои интихоби таҳсил дар муассиса Рӯзҳои дарҳои кушода дар Коллеҷ идома доранд. Заминаи моддӣ-техникии коллеҷ аз 5-бинои таълимӣ, хобгоҳ барои донишҷӯён, 3-ташхисгоҳи таълимӣ-лабораторӣ, маркази таълимии фарматсия бо дорухонаи таълимӣ, маркази таълимӣ — табобатии стоматология бо устохонаи дандонсозӣ, маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ, 141-кабинетҳои таълимӣ, 3-синфхонаи компютерӣ, майдончаи варзишӣ, толори варзишӣ, толори маҷлисӣ барои 110 нафар, китобхона бо захираи 27 412 китобҳои дарсӣ ва китобхонаи электронӣ иборат мебошад.

Дар Коллеҷ айни замон 253 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд. 3 нафари онҳо бо мукофоти давлатии медали “Хизмати шоиста”, 18 нафар бо мукофоти соҳавии “Аълочиии тандурустии Тоҷикистон”, 49 нафар бо нишони сарисингагии “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, 2 нафар бо нишони сарисинагии “Аълочии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи кабии Тоҷикистон” сарфароз гардидаанд.

Дар коллеҷ 8 нафар унвони илмӣ доранд, аз ҷумла 1 нафар доктори илмҳои тиб, 2 нафар номзади илмҳои тиб, 1 нафар номзади илмҳои филологӣ, 2 нафар номзади илмҳои педагогӣ, 1 нафар номзади илмҳои таърих ва 1 нафар номзади илмҳои физика фаъолият доранд.

31,2% — и омӯзгорон дараҷаи касбии олӣ ва якум доранд.

Шароитҳои мавҷуда имкон медиҳанд, то дар коллеҷ мутахассисони ба талаботи замона ҷавобгу омода карда шаванд.

Дар коллеҷ аз руйи 9 ихтисос мутахассисони миёнаи тиббӣ омода карда мешаванд.

Ихтисоси “Кори момодоягӣ” — бо тахассуси “Момодоя”;

Ихтисоси “Кори табобатӣ” — тахассуси “Ҳамшираи (бародари) тибби оилавӣ;

Ихтисоси “Кори ҳамширагӣ” — тахассуси “Ҳамшираи (бародари) тиббӣ”;

Ихтисоси “Кори ҳамширагӣ дар косметология” — тахассуси “Ҳамшираи тиббӣ оид ба косметология”;

Ихтисоси “Кори тиббию профилактикӣ” — тахассуси “Ёвари табиби гигиенист, эпидемиолог ва санитарӣ”;

Ихтисоси “Кори фарматсевтӣ” — тахассуси “Ёвари фарматсевт”;

Ихтисоси “Кори дандонсозӣ”- тахассуси “Техники дандон”;

Ихтисоси “Кори тиббию ташхисӣ” — тахассуси “Лаборант”;

Ихтисоси “Кори табобати дандон” — тахассуси “Ёвари табиби стоматолог”;

Дар рӯзҳои дарҳои кушода ба коллеҷ хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Кӯлоб ташриф оварда аз синфхонаҳои таълимӣ, ташхисгоҳҳо, марказҳои таълимӣ, китобхона, синфхонаҳои омӯзиши малакаҳои касбӣ, майдончаву толори варзишӣ ва ғ. дидан намуданд.

Сафаралӣ Латипов

Сардори шуъбаи таълим

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.