ҶАВОНОНИ КИШВАР-НЕРӮИ АСОСИ ВА МУҲИМИ АРТИШИ МИЛЛӢ

0 1

Дар шуури фаҳмиши ҷавонони кишвар на андешаву мафкураи бегонаи экстреместию иртиҷои, балки андешаҳои солими худогоҳиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба ватану арзишҳои миллӣ пойдори ва устувории соҳибистиқлолии кишвар  ва амсоли инҳо ҷилвагар бошанд.

                                                 Эмомалӣ Раҳмон

Дар тули солҳои соҳибитсиқлолӣ кишвари азизамон Тоҷикистон ба дастоварду мувафақиятҳои назаррас комёб гашт.

    Бо шарофати соҳибистиқлолӣ дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷомеа, пешрафту рушд ба амал омад. Яке аз воқеаҳои муҳиме, дар ҳайёти миллати тоҷик рух дод, ин таъсиси Артиши миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

   Артиши миллӣ дар он марҳилае руӣ кор омад, ки барои давлати тозаистиқлоли тоҷик санҷишҳои хеле вазнин пеш омада буданд. Бахусус ҳасудию кинаҷуиҳои бадхоҳони миллати тоҷик, нооромиҳо ба ҷанги такмилии шаҳрвандӣ Тоҷикистонро ба гирдоби буҳрони шадид кашида буданд.

    Дар чунин вазъияти ҳассос бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат (дар ин марҳила раиси Шурои Олии Тоҷикистон) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23.02.1993 Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфт. Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки дар назди Артиши Миллии ҷумҳури меистод, таъмини амнияти миллӣ ва ба эътидол овардани вазъи номусоиди ҷумҳурӣ буд.

     Воқеаҳои минбаъда нишон доданд, ки Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди Тоҷикистони соҳибистиқлол аз уҳдаи вазифаҳои ба зимма доштааш бо сарбаланди барояд. Инак тули 32- сол Артиши Миллӣ дар фаъолияти худ ба манфиати давлат, содиқона хизмат мекунад.

    Артиши милли Тоҷикистон аз рӯзи таъсис ёфтанаш ҳамчун артиши манфиатҷуй  оммаи халқ буданашро собит мекунад. Артиши миллӣ имрӯз аз ҷузъу томҳои   гуногуни ҳарбӣ иборат буда, ба таври доимӣ аз марзу буми Ватани маҳбубамон Тоҷикистон ҳифз мекунанд. Бояд гуфт, ки сафи Артиши миллии тоҷик имрӯз аз ҳисоби ҷавонони Ватандӯсти меҳанпараст пурра мешавад. Ҷавонони кишвар, тибқи муқарароти қонуни асосии кишвар, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умуми ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» вазифаи конститутсионӣ ва қарзи шаҳрвандии худ бо хизмати содиқона дар сафи Артиши миллӣ иҷро мекунанд.

   Ҳифз ва ҳимояи марзу буми ин сарзамини муқаддас, ҳамеша барои ҳар як фарди ватандӯст вазифаи муқаддас буда ва хоҳад монд. Аҳли ҷомеа имрӯз вазифадор аст, ки ҷавонони моро дар рӯҳияи дуст доштан, садоқат ба Ватан, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳо он, тарбия намояд.

   Имрӯз барои ҷавонони Ватандусту ғаюрро тарбия намуданд, бояд ҳама ниҳодҳо; оила, муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеа саҳмгузор бошанд.

   Чуноне, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як суханрони иброз медоранд “ Мо бояд ҷавонони кишварро, чунон тарбия кунем, ки онҳо Ватани худ, марзу буми аҷдодиашонро дӯст доранд ва барои ҳифз ва ҳимояи он ҳамеша омода бошанд».

    Оре дар шароити кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки омилҳои номатлуби хатарэҷодкунанда онро таҳдид мекунанд, ҷавонони мо бояд ҳушёриу зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

   Ҷавонони кишвари мо барои ҳифз аз ин сарзамини муқаддас ҳамеша омода бошанд. Пешвои миллат ҳамеша аз ҷавонони кишвар ифтихор мекунанд ва боварию эътимоди роҳбари давлат аз ҷавонон хеле боло меравад.

   Дар ҳақиқат ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ, ҳамчун неруи тавоно, садоқатманд ба ватани азизашон, бо коро амли хеш метавонанд ба боварию эътимоди Пешвои миллат содиқ бошанд.

     Артиши миллӣ, ки сафҳои онро ҷавонони кишварамон пурра мекунанд дар марҳилаи кунуни, ҳамчун сипари боэътимод, баҳри фазои орому осудагии кишвар таҳкими суботи комил дар ҷомеа ва ободию шукуфоӣ ин срзамини муқаддас сидқан хизмат мекунанд.

     Дар хулосаи ин андешаҳо ҳаминро гуфтанием, ки Артиши миллӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ ва ҷалби ҷавонони бо нангу номуси ватан ба мактаби шӯҷоату мардонагӣ нақши созгор мегузорад.

Юнусов Сорбон

Мудири кафедраи “Фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.