ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ — РАМЗИ ҶАСОРАТ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

0 3

Бигзор, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ созад.

                                                Эмомалӣ Раҳмон

Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти олии ҳар кишвар ва рамзи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ маҳсуб мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил карда мешавад, ки ин рӯз барои ҳар як шаҳрванди кишвар рамзи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ифтихори миллӣ ба ҳисоб меравад.

Парчами давлатии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва сиёсӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ қабул гардид. Қабули Парчами давлатӣ бо қарори Ҳукумати кишвар ва ба тасвиби санадҳои конститутсионӣ сурат гирифт, ки он рамзи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ пайдо кард. Ин рамз на танҳо нишонаи давлатдорӣ, балки таҷассуми ваҳдати мардуми тоҷик, арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии миллат мебошад.

Парчами миллии Тоҷикистон низ маҳз ҳамин маъниёти амиқу пурборро дар худ таҷассум мекунад ва имрӯз ҳамчун рамзи возеҳи худшиносии миллӣ, ифтихори давлатдорӣ ва иттиҳоду ягонагии ҷомеаи тоҷикон дар фазои сиёсиву маънавии кишвар бо ҷилои махсус медурахшад.

Ҳангоми баланд шудани парчам дар дил эҳсосоте бедор мегардад, ки на ба ҳар калима тавсиф меёбад: эҳсоси пайванди ҷовидон бо таърихи чандҳазорсолаи ниёгон, эҳсоси масъулият барои ҳифзи давлати соҳибистиқлол, эҳсоси муҳаббат ба Ватан, ки дар он ҳар як сангу харсанг ба ёди инсон ҷаҳонро ободтар менамояд. Парчам моро ба ҳам мепайвандад, моро аз гаҳвораи таърих ба оянда мебарад ва дар худ маъниҳои бузурги ваҳдат, субот, эътимод ва миллӣ будани роҳеро нигоҳ медорад, ки имрӯз миллат онро бо сарбаландӣ тай мекунад.

Имрӯз, дар фазои истиқлоли давлатӣ Парчами миллӣ ба яке аз рукнҳои муҳими тарбияи худшиносии ҷомеа табдил ёфтааст. Маҳз тавассути эҳтиром ба парчам, эҳсоси ватандорӣ дар дили насли навзод таҳким мешавад; маҳз зери сояи ин парчам ҷавонон ба маърифати сиёсию ҳуқуқӣ рӯ меоранд; маҳз бо нигоҳ ба ин рамз онҳо мефаҳманд, ки ҳар чӣ доранд — тинҷӣ, забон, фарҳанг, озодӣ ва давлатдории муосир на ба осонӣ ба даст омадааст ва ҳифзи ин дастовардҳо масъулияти ҳар шаҳрванд аст.

Парчами давлатӣ рамзи олии миллат ва давлат аст. Рӯзи Парчам таҷлили эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии Тоҷикистон мебошад. Ин рӯз ҳар як фарди кишварро ба эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ҳидоят мекунад ва ҳисси ифтихор, масъулият ва муҳаббат ба Ватанро тақвият мебахшад.

Хулоса, Парчам ҳар як сокини ба нангу номусро водор месозад, ки масъулиятшиносу меҳнатдӯст бошем, барои ободии Ватан саҳм бигузорем ва арзишҳои миллии худро ҳифз намоем. Зеро миллате, ки ба Парчами худ арҷ мегузорад, бешубҳа дар роҳи пешрафт ва қудратмандӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Дилафрӯз Бобоева

Сармутахассиси шуъбаи таълим-и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматудло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.