ШУКУФОН БОД, АЙЁМИ ҶАВОНӢ 0 5 Мубодила кардан Бо ин унвон санаи 22 майи соли ҷорӣ, дар МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба 23-май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон зери унвони «Шукуфон бод, аёми ҷавони» дар сатҳи баланд баргузор гардид. Чорабиниро муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Нуруллоён Сарвиноз Аҳматулло оғоз намуда, ҳозиринро ба ин санаи фархунда самимона табрик намуданд. Аз ҷумла қайд доштанд, ки: Ҷавонон қувваи бузург, ояндаи миллат, нерӯи созандаву иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа мебошанд. Насли наврасу ҷавонро мебояд, зери ин шиорҳои умедворкунанда қадам ниҳода кору фаъолият намояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон қайд менамояд, ки: «Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозии ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста доранд». Инчунин,мутахасиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД ш.Кӯлоб Сафарзода Эмомалӣ ба сухан баромада, ҳозиринро ба ин санаи фархунда табрик намуданд. Дар қисмати тантанавии бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба як қатор донишҷӯён, ки дар озмунҳои шаҳрию вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, мусобиқаҳои варзишӣ инчунин озмунҳои муассисавии «Чевари беҳтарин», «Кадбонуи беҳтарин», «Ошёнаи беҳтарин», «Ҳуҷраи беҳтарин» ва озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд аз тарафи роҳбарияти муассиса бо Ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар оҳири чорабини дастаи ҳаваскорони коллеҷ ва ҳунармандони бахши фарҳанги МИҲД ш.Кӯлоб бо суруду таронаҳои дилангез ва рақсҳои дилошуб хотири ҳозиринро шод намуданд. ШУЪБАИ ТАРБИЯ Пеш 1 то 58 саҳифа Баъдӣ 0 5 Мубодила кардан