ПАРЧАМИ МИЛЛӢ РАМЗИ ҲУВИЯТСОЗӢ-ТОҶИКОН 0 1 Мубодила кардан Санаи 21.11.2025 дар толори маҷлисгоҳи МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А” бо ташабуси кафедраи “Таърих ва ҳуқуқ” Конференсияи илмӣ-сиёсӣ таҳти унвони “Парчами миллӣ рамзи ҳувиятсозӣ-тоҷикон” бахшида ба “Рӯзи Парчам” баргузор карда шуд. Дар конференсия ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қурбон, деканони факултетҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд. Конференсияро бо сухани ифтитоҳи сардори шуъбаи илмӣ-методӣ Абдураҳмонов Карим кушода, ҳозиринро ба Рӯзи Парчами миллӣ табрик намуданд. Дар рафти конференсия Раиси кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Аламхонова Санавбар дар мавзӯъи “Парчамат парафшон бод Тоҷикистон” баромад карда сипас донишҷўёни муассиса дар ситоиши Ватан ва Парчам шеърҳо қироат кардаанд. Чорабинии мазкур мазмунан эҳтиром аз муқадасоти миллӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарғиб мекард. Сайлонбӣ Давлатова Мудири кафедраи “Таърих ва ҳуқуқ”-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» Пеш 1 то 12 саҳифа Баъдӣ 0 1 Мубодила кардан