Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Дар чорабинӣ ба як қатор омӯзгорону шогирдоне, ки дар мусобиқаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гардида буданд, бо Ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки сарояндаҳои шинохтаи шаҳри Кӯлоб Ромиши Алиҷон, Далери Қувват, гузаронида шуд. Омӯзгорон ва донишҷӯён бо як хотираболӣ ва хурсандӣ чорабиниро ҷашн гирифтанд. Ин чорабинии пуршукӯҳ дар сатҳи баланд бо як шукӯҳу шаҳомати хоса