ОМӮЗГОР – ЧАРОҒИ РАҲНАМО ВА ҲИДОЯТГАРИ МО!

0 1

Дар таърихи 22 октябри соли ҷорӣ, бо ташаббуси декани факултети «Кори ҳамширагӣ» (курсҳои 1 ва 2 синфҳои 9) ва кафедраи “Фанҳои ҷамъиятӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Конференсияи илмӣ-сиёсӣ дар мавзӯи “Омӯзгор – чароғи раҳнамо ва ҳидоятгари мо” бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон “Дар бораи мақоми омӯзгор” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар кори Конференсияи ҷонишини директор оид ба тарбия Малоҳати Қурбон, декани факултети «Кори ҳамширагӣ» ( курсҳои 1 ва 2 синфҳои 9) Боева Умеда Маҳмадалиевна ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар рафти Конференсия баромадкунандагон қайд намуданд, ки: Дар ҳақиқат, тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, эҳтиром ба омӯзгор эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсе аст, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. Таҷассуми муҳаббати шогирд ба устод, дӯст доштан, эҳтиром намудан, арҷгузорӣ ба ранҷу заҳмат ва мақому манзалати омӯзгор аз ҷумлаи ҳадафҳои Пешвои миллат буда, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ заҳмати омӯзгор дар назди давлат эътибори бузург дорад. Қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат нисбати ҷойгоҳи омӯзгор нигоҳи некбинона дорад.

Хулоса мақому манзалати омӯзгор дар ташаккули фарҳанги ниёгони мо ҳамеша бузург арзёбӣ гардида, ӯро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ номидаанд. Имрӯз низ ин гуфтаи бузургони илму хирад пойбарҷо буда, ҳамеша аз нақши ин ӯ мегӯянду ба бузургияш арҷ мегузоранд.

Дар фароварди Конференсия ба як гуруҳ донишҷӯёни фаъоли факултет бо Сипосномаҳо қадрдони карда шуданд.

Боева Умеда Маҳмадалиевна

декани факултети «Кори ҳамширагӣ (курсҳои 1 ва 2 синфҳои 9)»-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.