ҲИКМАТӢ АДАБИИ ОСОРИ ПУРҒАНОВАТИ РӮДАКӢ

0 12

Бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22-юми сентябр ба тақвими сол ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ ворид шуд. Шеъри волои сардафтари адабиётамон ҳамасола дар ин рӯз махсус садо медиҳад. Пажӯҳишҳои илмӣ дар ин самт аз ҷониби рӯдакишиносон ва дӯстдорони Одамушшуаро ироа мешаванд, ки дар таҳкими худшиносӣ, ватандӯстӣ ва боло бурдани завқи шеърдониву шеършиносӣ мусоидат менамоянд. Ва ин беҳуда нест, зеро номи дурахшони Рӯдакӣ, шеъри оламшумули ӯ воқеан ҳуҷҷати ифтихори миллии на танҳо мо, тоҷикон, балки ҳама форсизабонони дунёст.

Дар таърихи илму адаби ҷаҳонӣ адабиёти форсӣ- тоҷикӣ маҳз бо шеъри ҳикматӣ мақоми баланд касб кардааст. Шеъри ҳикматӣ-фалсафӣ реша, бунёд, поя ва асоси адабиёти форсӣ-тоҷикӣ буда, дар ҷаҳони фарҳанги башарӣ бевосита бо асли фалсафӣ доштанаш маъруфият пайдо кардааст. Асолати фалсафии адабиёти форсӣ-тоҷикӣ бузургтарин муваффақияти илму фарҳанги ҷаҳонӣ маҳсуб шудааст, то ҷое ки донишманди шаҳир ва муаррихи варзидаи илм Ҷорҷ Сартон таъкид мекунад, ки илми ҷаҳонӣ ду комёбии бузург дорад: яке фалсафаи юнонӣ ва дигаре адабиёти форсӣ (1, 17). Ин комёбӣ ва муваффақияти бузурги илми ҷаҳонӣ, ки ба адабиёти форсӣ мутааллиқ аст, ба шарофати саъю талош ва заҳматҳои фаровони шоирон, ҳакимон ва андешамандоне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Хайём, Аттор, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ ва Ҳофиз ба даст омадааст.

Бояд тазаккур дод, ки шеъри ҳикматии адабиёти форсии тоҷикӣ реша ва заминаҳои амиқи фикрӣ андар таърихи башарӣ дорад. Таърихи илму фарҳанги бостонии мардуми форс-тоҷик ба он гувоҳӣ медиҳад, ки суханпарварӣ, андешамаандӣ ва нуктапардозӣ барои иронитаборони қадим ҳунари асил ҳисобида шуда (2, 554), адабу фарҳанг ба онҳо шуқӯҳу таҷаммул ато мекардааст (3, 502). Ин аст, ки шеър (адабиёт) ва андешамандию нуктапардозӣ (ҳикмат ва фалсафа) аз бомдоди таърихи фарҳанг ҳамқадаму ҳамқисмати эрониаслон буда, онон тавассути ин ду илми бунёдӣ ба зиндагии хеш маъною сомон мебахшидаанд.

Шуҳрати шоирии Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (860-941) ва рӯзгору осори ӯ ва ҳунару хислату сифоти ӯ дар тазкираву ашъори адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо таърифу тавсиф шудааст. Шеъри Рӯдакӣ, тибқи суханони ӯ, дар ҷаҳон рафта буд ва онро чун ҳазордастон мепазируфтанд. Шоир пешкори мирон буд ва ба шеъраш родмардон унс гирифта буданд. Қуллаи олии шеър ва мақоми шоириашро Рӯдакӣ дар ин мебинад, ки дар ҳама ҷаҳон онро менавиштанд. Замоне расид, ки ӯ шоири Хуросон, яъне саросари давлати Сомониён буд. Ин мақоми волои иҷтимоӣ барои шоир аст, ки дар саросари мамлакат ӯро бидонанд ва шеърашро сурудгӯён бисароянд ва бинависанд. Чунон ки мехонем:

Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинавишт,
Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.
Яке аз хусусиятҳое, ки шахсият ва шеъри Рӯдакиро шукӯҳу зинат бахшида, барҷаста месозад, озодфикрӣ, ситоиши давлати миллии Сомониён, эҳёи суннатҳои ниёгон, пойбанд набудан ба андешаҳои динӣ ва вуҷуди руҳияи баланди миллию дунявӣ дар шеъри ӯ мебошад. Рӯдакиро метавон аз саромадони ҷараёни озодихоҳии мардуми Хуросону Варорӯдон аз султаи афкори арабӣ донист. Ин ҷараёни фикрӣ як ҳаракати фарҳангии алайҳи бартариталабии арабҳо буд, ки барои дифоъ аз забон, фарҳанг ва одобу русуми тоҷикон дар даврони хилофати арабҳо зуҳур кард. Таваҷҷуҳи бештари Рӯдакӣ бар андешаҳои баробарии нажодӣ, ифтихор ба пешинаи ғании таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, паҳлавонони ҳамосӣ, миллӣ ва эҳёи ҷашну маросимҳои пешазисломӣ аст, ки арабҳо табиатан аз он орӣ буданд.
Рӯдакӣ озодагиро ҷузъи ҳувияти мардуми ориёӣ дониста, хислати вижаи озодагон меномад. Ӯ таъкид мекунад, ки ин мардум ҳаргиз ғулом будан ва нанги бардагии арабро намепазиранд.
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад,
Тани дурусту хӯи неку номи неку хирад.
Ҳар он, ки Эзидаш ин чаҳор рӯзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахӯрад.
Рӯдакӣ на танҳо падари шеъри тоҷикӣ-форсӣ, балки бунёдгузори андешаи миллӣ дар адабиёти классикӣ маҳсуб мешавад. Ҳатто Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, эҳтимолан, назми «Шоҳнома»-и безаволашро аз Рӯдакӣ илҳом гирифтааст. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» аз Рӯдакӣ ба хубӣ ёд карда, ӯро «дурри оганда» ё пуртароват мехонад:
Калила ба тозӣ шуд аз паҳлавӣ,
Бар ин сон, ки акнун ҳаме бишнавӣ.
Ба тозӣ ҳамебуд то гоҳи Наср,
Бад-он гаҳ, ки шуд дар ҷаҳон шоҳ Наср.
Бифармуд то порсию дарӣ,
Набиштанду кӯтоҳ шуд доварӣ.
Гузорандаро пеш биншонданд,
Ҳама нома бар Рӯдакӣ хонданд.
Бипайваст гӯё парокандаро,
Бисуфт инчунин дурри огандаро.
Ба ибораи дигар, Рӯдакӣ поягузори шеъри ҳамосӣ ва ватансарои асил дар миёни шоирони асри хеш буд. Бешак, маъруфтарин сурудаи Рӯдакӣ дар адабиёти тоҷику форс қасидаи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» аст, ки дар бозгардондани амир Насри Сомонӣ ба Бухоро нақши асосӣ бозидааст. Ҳисси ватанпарастӣ дар ин шеър он қадар барҷаста аст, ки аксари шоирони баъдӣ дар тақлид аз он шеър суруда, аз Рӯдакӣ пайравӣ кардаанд. Устод Рӯдакӣ эҷодкори сабки хуросонӣ, ки онро ба номи ӯ — сабки Рӯдакӣ низ ном мебаранд, мебошад. Даврони ташаккули комилан устувори сабки Хуросонӣ ба давраи Сомониён рост меояд. Дар ин давра шукӯҳмандтарин маркази илмӣ, фарҳангӣ ва адабӣ шаҳри Бухоро буд, ки ин шаҳри куҳантаърих дар аҳди Сомониён шабеҳи Бағдод дониста мешавад: «Имрӯз ба ҳар ҳол Бағдод Бухорост» — мегӯяд устод Рӯдакӣ.
Аз тарафи дигар, теъдоди эҷодкорон шоирону нависандагон дар рӯзгори Сомониён хеле ва хеле боло рафтааст. Тибқи тасдиқи аҳли тадқиқ, шумораи эҷодкорони ин давра фузун аз сесад нафар таъкид мешавад, ки албатта, аз нуфузи эҷоди бадеъ дар он замон, аз болоравии адабиёти форс-тоҷик, аз ғановати осори манзум ва мансур, аз хазинаи пурбори луғавӣ-лексикии забони форси тоҷикӣ, аз паҳнову умқи фарҳанги миллӣ, иртифои сатҳи тафаккури миллӣ ва ғайра шаҳодат медиҳанд.
Устод Рӯдакӣ чаҳор рисолати таърихӣ ба ҷо овардааст, ки маҳз бо манзури ҳамин рисолатҳои таърихӣ ӯ ба 52 унвони ифтихорӣ мушарраф гардидааст, ки бо манзури чунин рисолатҳои таърихӣ ва сазоворшавии теъдоди ин миқдор ановини ифтихорӣ то Рӯдакӣ ва пас аз ӯ низ ба касе муяссар нагардидааст.
Аввалин рисолати таърихӣ, ки устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҷо овардааст, ин аст, ки ӯ дар ҳамаи анвои адабӣ: достон, қасида, қитъа, рубоӣ, тарҷеот, шеъри тасмит (мусаммати мураббаъ), ғазал эҷод кардааст, ки то Рӯдакӣ ин хидмати ӯ ба касе даст надода буд ва аз тарафи дигар, шеваи эҷоди ӯ, ки саҳли мумтанеъ будаву эҷоди шоирро дар қиёс бо алсофу муосирин бо манзури асолати ҳунарии эҷод тарҷеҳ касб кардааст. Аз ҷониби дигар, доираи дарунмояи эҷоди бадеъ –мавзӯъҳоро вусъат бахшид. Ин ҷиҳатро пеш аз ҳама худи ӯ ҳис кардаву хештанро навгувора эълон кардааст.

Валиева Ҳусниябону

мудири кафедра “Забони ва адабиёти тоҷик”-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.