Гузариши ҷумҳурӣ ба иқтисоди рақамӣ заминаи асосӣ дар рушди муносибатҳои иқтисодию молиявӣ ва болоравии сатҳи зиндагии мардуми кишвар хоҳад шуд.
Эмомали Раҳмон иқтибос аз паём 28.12.2024
Дар ҳақиқат, имрӯз дар бахши иқтисоди ҷаҳонӣ дигаргуниҳои хеле зиёд ба амал меоянд,хусусан соҳаҳои иқтисоди кишварҳои ҷаҳонро навгониҳое фарогиранд, ки боиси рушди бахшҳои иқтисодиёт гардидаанд.
Новобаста ба мушкилию монеаҳои ҷойдошта, аксари кишварҳои ҷаҳон дар манотиқи гуногун талош мекунанд, ки ба истифода аз роҳу усулҳои ҷадид, иқтисоди кишварҳои худро рушд диҳанд. Чуноне, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд қисми зиёде аз давлатҳои ҷаҳон барои таъмини пешрафти иқтисодиёт ба буҷаи давлат аз иқтисоди рақамӣ бештар истифода мебаранд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, он давлатҳое, ки ба иқтисодӣ рақами гузаштаанд, ё ин, ки дар роҳи гузариш ба ин раванд ҳастанд, тавонистанд ки рушди муносибатҳои иқтисодию молиявии кишварҳояшонро таъмин намоянд.
Ҷаҳони муосир, равандҳои ҷадиди рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар назди кишварҳои дунё талаботҳои навро пеш мегузоранд. Бинобар ин зарур аст, ки ҳар як давлате, ки мақсадаш иқтисоди пешрафта аст бояд ба иқтисоди рақами рӯй биорад.
Хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз бадастовардани истиқлолият, дар баробари дигар кишварҳо, ба равандҳои муосири ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст шуда, сол аз сол барои пешрафти иқтисодӣ кишвар тадбирҳои судмандеро роҳандозӣ намуда истодааст. Фазои ором, сулҳу суботи комил дар шароит фароҳам меорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои пешрафта иқтисодиёти худро такмил дода, раванди гузариш ба иқтисоди рақамиро тезонад.
Гузариш ба иқтисоди рақамӣ рушди бемайлони иқтисодиётӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда барои ояндаи дурахшони давлату миллат заминаҳои мусоидро фароҳам хоҳад овард.
Чуноне, ки Пешвои Миллат зимни ироаи паёмашон, ки санаи 28.12.2024 ба маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд “Дар панҷ соли оянда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ дар кишвар бояд табирҳои мушахас роҳандозӣ карда шаванд”.
-
Такмили фаврии заминҳои ҳуқуқи ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисодӣ рақамӣ.
-
То шабакаҳои панҷ-ҷи (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали милли маълумот.
-
Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкилӣ махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
-
Рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар.ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
-
Истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
-
Андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии маҳзанҳои маълумот маълумот.
-
Ташаккул додани соҳибкории рақами ва рушди савдои электронӣ.