ОЗМУНИ «КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» ДАР МДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ш.КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА Р.А.» 0 8 Мубодила кардан Пеш 1 то 31 саҳифа Баъдӣ Санаи 21 майи соли ҷорӣ, дар МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» бахшида ба ҳафтаи ҷавонон ва 23-май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар байни духтарони муассиса баргузор гардид. Мақсади асосии озмун баланд бардоштани маҳорати кадбонугии ҷавондухтарон, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, пухтани хӯрокҳои миллӣ инчунин, дар замири ҷавондухтарон бедор сохтани эҳсоси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ мебошад. Озмун тибқи талаботҳои Низомнома гузаронида шуда, аз 5 бахш иборат буд. Тибқи талаботҳои муайяншуда, духтарон бо маҳорату завқи баланд аз уҳдаи бахшҳо баромаданд. Дар натиҷа, ҷойи якум ба факултети «Кори фарматсевтӣ», ҷойи дуюм ба факултетҳои «Кори момодоягӣ» ва «Кори ҳамширагӣ» ва ҷойи сеюм ба факултетҳои «Кори табобати дандон» ва «Кори табобатӣ» дода шуд. Ғолибон дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 23 — май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд. Абдураҳмонова Г.Н. Раиси Шӯрои кор бо занон ва духтарони МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» 0 8 Мубодила кардан