КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2025 «СОЛИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ» ДАР ҚАЛАМРАВИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

0 7

Арши миллатро китоб аст офтоб,

Шод бодо миллати соҳибкитоб.

Солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи китобдорӣ дар мамлакат рушду такомул ёфта, даҳҳо китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дарҳои худро ба рӯйи хонандагон боз карданд, ки бозгӯйӣ сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат мебошад.

Китобхониву китобдӯстӣ инсонро ҳатман ба қуллаи мурод мерасонад, дар ҷамъият обрӯю нуфуз пайдо менамояд, ӯро шарафманду қадршинос мегардонад. Китоб барои инсон сарчашмаи илму дониш ва ғизои маънавист, пас дӯст доштан ва эҳтиром намудани китоб барои ҳар фард воҷиб аст, зеро тоҷикон аз азал мардуми соҳибкитобу соҳибмаърифат ва фарҳангдӯстанд. Мероси бузургу бебаҳои бадеиву таърихӣ, ки сарчашмаи беҳамтои маънавиёти миллат мебошад, гувоҳӣ ин андешаҳост.

Бо ин мақсад, бо ташаббуси китобхонаи МДТ-и «Коллеҷи тиббиишаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А.» дар толори маҷлигоҳ, доир мавзӯи «Китоб – равшангари дилҳо» конференсияи илмӣ –назариявӣ баргузор гардид. Конференсияро муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои педагогӣ Маҳмудзода Қ.Н. кушода, ҳозиринро шодбош намуд. Дар конференсия омӯзгорон ва донишҷӯён бо маърӯзаҳо баромад карданд. Ҳасанова М. –мудири китобхонаи муассиса дар мавзӯи «Китоб- чароғи ақл ва рӯшноии дил», Бобошоева Ҳ. – омӯзгори калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик дар мавзӯи «Баргу сози мо китобу ҳикмат аст», Бурихонова А.- донишҷӯи гурӯҳи 102-и ихтисоси кори ҳамширагӣ дар косметология дар мавзӯи «Аз таърихи китоб ва китобдорӣ», Кенҷазода Марҷона-донишҷӯи гурӯҳи 201-и ихтисоси кори табобатӣ дар мавзӯи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маърӯза карданд. Маърӯзаҳо хеле пурмӯҳтаво буданд ва ба иштирокчиён ғизои маънавӣ бахшиданд. Конференсия бо хондани порчаҳои шеърӣ аз тарафи гурӯҳи донишҷӯён ба анҷом расид.

Ҳасанова М.- мудири китобхона

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.