КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ- БАДЕӢ БАХШИДА БА ЗОДРӮЗИ ШОИРИ ТАВОНОИ МИЛЛАТ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ 0 5 Мубодила кардан Дар таърихи 19 майи соли 2025 бахшида ба 84- солагии шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ ва ҳафтаи «Рӯзи ҷавонон» бо номи «Лоиқ қаламат килки нигорандаи монист…?» дар МДТ-и «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» бо ташаббуси аъзоёни маҳфили китобхона ва роҳбарии муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Бобошоева Ҳавасмоҳ ва иштироки омӯзгорону донишҷӯён конференсияи илмӣ–бадеӣ гузаронида шуд. Толори муассиса бо расму шеърҳо ва китобҳои шоир таҷҳизонида шуда буд. Конференсияро муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ Маҳмудзода Қ. Н. ҳусни оѓоз бахшида, мухтасар доир ба ҷой ва мақоми шоири зиндаёд Лоиқ баромад намуд. Дар конференсия омӯзгор Бобошоева Ҳ. дар мавзӯи «Худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар ашъори Лоиқ Шералӣ»,донишҷӯи гурӯҳи 212-и ихтисоси кори ҳамширагӣ Ашурова Сайёра дар мавзӯи «Зиндагиномаи Лоиқ Шералӣ», донишҷӯи гурӯҳи 102-и ихтисоси кори косметологӣ Бурихонова Аниса дар мавзӯи «Лоиқ Шералӣ –шоири миллат» маърӯза намуданд. Донишҷӯён: Ашурбии Абдулмуъмин, Каримов Оятулло, Мутрибаи Худоёр, Мадалиева Дилноза, Кулобиева Муборак, Пирзода Нозанин, Раҷабова Зуҳро, Шафоати Эмомназар, — аъзоёни маҳфили китобхона аз ашъори Лоиқ Шералӣ рубоӣ, ғазал ва аз «Модарнома»-и шоир шеърҳо қироат намуданд. Донишҷӯи гурӯҳи 104-и ихтисоси кори фарматсевтӣ Шафоати Эмомназар саҳнаи «Навҳаи Таҳмина»-ро бо маҳорати баланд манзури иштирокчиён намуд. Аз марги шоири маҳбуби тоҷик Лоиқ Шералӣ 25 сол сипарӣ шуд, вале рӯзе нест, ки дар бораи зиндагиномаю эҷодиёташ ва хулқу атвори некаш ёд наорем. Миллати тоҷик ба ашъори шоир дилбастагии зиёде дорад. Хотираи Лоиқ Шералӣ дар дили мухлисонаш ҷовидона боқӣ хоҳад монд. Конференсияро муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ Маҳмудзода Қ. Н. бо сухани ҷамъбастӣ ва шеъри шоир ҳусни анҷом бахшид: Дӯстон вақти гули хор маро ёд кунед, Чун гули санг зи кӯҳсор маро ёд кунед… Умеда Боева Мудири китобхонаи МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” Пеш 1 то 11 саҳифа Баъдӣ 0 5 Мубодила кардан